Arzon march 2024
Ҷанги Русияву Украина камбизоатонро дар Тоҷикистон меафзояд?
633


Дар натиҷаи ҷанги Русия ва Украина, эҳтимол аст 1,3 дарсади кӯдакони тоҷик ва 0,5 дарсади калонсолон бо камбизоатӣ рӯбарӯ шаванд. Дар ин бора Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) гузориш додааст.

Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар як гузориши вижаи худ таъсири ҷанги Русия ва Укроинро ба кӯдакони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна таҳқиқ карда, натиҷаашро нашр намудааст.Таҳиякунандагони ин гузориш гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҷанг эҳтимол беш аз 75 ҳазор нафар аз Тоҷикистон иловатан ба сафи камбизоатон ворид шаванд. Дар ин бора Азия-плюс иттилоъ додааст.

Онҳо афзудаанд, ки ҳамин тариқ беш аз 50 ҳазор кӯдак иловатан ба камбизоатӣ рӯбарӯ шуда, фавти кӯдакони навзод зиёд мешавад.
“Эҳтимол 4 ҳазору 844 кӯдак бо илова ба онҳое, ки ҳоло мактаб намераванд, аз сабаби камбизоатӣ ба таҳсил фаро гирифта нашаванд”,- гузориш додааст ин созмон.

Онҳо гуфтаанд, то соли 2021 дар Тоҷикистон 4 млн 166 ҳазор кӯдаки то 17 сола зиндагӣ мекунанд, ки 41,9 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Кӯдакони то 1сола бошад 255 ҳазор нафар будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД