Arzon march 2024
Анисаи Азиз: Ба овозаҳо ва танқидҳои беосос аҳамият намедиҳам
523


Анисаи Азиз ҳамсуҳбати навбатии мост, ки ба муаррифӣ кардан эҳтиёҷ надорад, зеро ӯ ҳанӯз зиёда аз 10 сол пеш бо як сурудаш худро миёни мардум шиносонида буд.

Мусоҳиби мо аз ҷумлаи ситораҳои тобноки эстрадаи тоҷик буд, вале бо сабабҳои айниву зеҳнӣ дар авҷи шуҳраташ як муддат канор рафт. Ӯ дубора баргашт, зеро дарк кард, ки махсус барои сурудхонӣ ва дили мардумро шод намудан ба дунё омадааст. Зиндагиро аз соҳаҳои гуногун пеш бурдан имкон дорад, аммо кори дӯстдоштаро анҷом додан авлотар аст.

Суҳбатамонро аз таронаҳои нави шумо оғоз кунем, хуб мешавад. Чаро таронаҳои наватон ҳамагӣ тӯёнаанд?


- Аслан, сурудҳои навро тӯёна нею рақсӣ мегӯем. Албатта, таронаҳои рақсие, ки бештар дар тӯйҳо сароидан хушоянд аст. Сабаби чунин таронаҳоро пешкаш карданам хоҳишу талаби мухлисон аст. Мо бо хоҳишу дархости онҳо кор мекунем, зеро мехоҳем гӯш кунанд, худро ором намоянд ва хастагиашонро рафъ кунанд.
- Ҳис мекунед, ки шуморо мардум гӯш мекунанд ва сурудҳои наватонро интизор мешаванд?
- Бале, самимияти гарми мухлисонро ҳис мекунам ва сабаби дубора ба ин соҳа баргаштану талош карданам ҳам онҳо ҳастанд.
- Сабаби як муддат аз саҳна дур буданатон дар чист?
- Аслан, дурӣ аз санъат ба хотири он буд, ки дар тиҷорат худамро санҷам. Санҷидам ва ба хулосае омадам, ки кори ман дар саҳна будан аст. Аз ин хотир, боз баргаштам ва корамро давом дода истодаам. Ҳамчунин, дар вақти танаффус ба тарбияи фарзандонам ҷиддӣ машғул будам.
- Пас аз танаффуси қариб 5-сола боз ба саҳна баромадану зуд-зуд тарона пешкаш кардан душвор нест?
- Албатта, зуд-зуд таронаҳои нав эҷод кардан душвор аст, вале мақсадам он аст, ки ҳамон фосилаи набуданамро бартараф кунам. Мехоҳам мардум боз маро монанди солҳои пешин қабул намуда, таронаҳоямро гӯш кунанд. Ҳамон холигии миёнамонро бо сурудҳои нав пур кардан мехоҳам.
- Шумо наздики 15 сол аст, ки рӯи саҳнаед. Оё ин муддати тӯлонӣ дар саҳна мондан ва шунаванда доштан душвор нест?
- Хеле душвор аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “нонёбӣ душвору нонхӯрӣ осон аст”. Яъне, меҳнату заҳмат ва касбиятро нигоҳ доштан кори сода нест, вале зиндагӣ худаш мубориза аст ва мекӯшем, ки дар соҳаи худ хизмате карда бошем.
- Чӣ гуна шуд, ки шумо овозхон шудед?
- Ман ба фикре ҳастам, ки соҳаи моро интихоб кардан мумкин нест, балки ин соҳа худаш бархеҳоро интихоб мекунад ва дар худ нигоҳ медорад. Шукр, ман яке аз чунинҳоям, ки ба овозхонӣ аз хурдсолиам дил бастам ва бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар ин роҳ қадам монда истодаам.
- Санъат чӣ мушкилиҳо дорад барои як духтари тоҷик?
- Дар ҳар соҳа мушкилоту камбудиҳо ва монеаҳо ҳастанд. Аз ҷумла, дар овозхонӣ хеле зиёд мешавад, ки бо камбудиҳо рӯ ба рӯ мешавем, вале чун мақсад ба пеш ҳаракат кардану аз худ чизе мондан аст, кӯшиш мекунем, ки корамонро хуб анҷом диҳем. Дар масъалаи таҳияи таронаҳо ҳам, хеле зиёд саргардонӣ мекунем, зеро тавлиди як суруд аз чанд нафар вобаста аст ва то кори чанд кас иҷро мешаваду онро нашр мекунем, ки хеле вақту мегузараду асаб хароб мегардад.
- То имрӯз чанд албоми сурудҳоятонро нашр кардед?
- То имрӯз се албоми сурудҳоямро пешкаши мухлисон кардаам.
- Кадом сарояндагони тоҷику хориҷиро гӯш мекунед?
- Нисбат ба ҳунари ҳама ҳунармандон эҳтиром дорам, зеро медонам, ки кори душворро анҷом медиҳанд. Ҳоло бисёртар Фараҳноз Шарафоваро гӯш мекунам ва ӯ ҳамчун хоҳарам аст. Инчунин, сурудҳои арабиро зиёд гӯш мекунам.
- Оё сурудҳои худатонро гӯш мекунед?
- Бале, гӯш мекунам ва дӯст медорам, зеро онҳо ба монанди фарзанданд бароям.
- Медонем, ки ба шумо бисёр мегӯянд, ки зебоед, овози хуб доред, хуб месароед, вале оё ҳастанд нафароне, ки шуморо танқид кунанд барои овозхониатон?
- Бе танқид намешавад, аммо танқидҳои созандаро қабул дорам. Ба овозаҳо ва танқидҳои беасос умуман аҳамият намедиҳам.
- Бо сарояндагӣ дар кишвари мо миллионер шудан мумкин аст?
- Ба фикри ман мумкин нест. Зеро қисми зиёди даромаде, ки аз ин соҳа ба даст меорем, боз дар таҳияи суруду намоҳангҳо сарф мекунем. Ман худам, барои миллионер шудан ҳатто фикр накардаам, зеро дар ин соҳа барои таскини дилам кор мекунам.

- Шумо дар фаъолияти сарояндагиятон шаби эҷодӣ доштед, оё консерти яккаи худро ҳам доштед?
- Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар ҳам барномаҳои консертӣ ташкил намуда будем. Вале дар шаҳри Душанбе консерти яккаи худро то ҳол барпо накардаам.
- Сабаб дар чист?
- Шояд ҷуръат, шояд ташкилкунандаи хуб набудан, шояд омода набудан ва даҳҳо шояди дигар. Аммо кӯшиш мекунем ин корро анҷом диҳем.
- Аз овозхонӣ чӣ фоидаҳову чӣ зарарҳо дидед?
- Шукр фоидаҳоям хеле зиёданд ва ҳеҷ зарар надидаам.
- Ба ҷуз сарояндагӣ боз ба кадом корҳо банд мешавед?
- Ба ҷуз овозхонӣ ба корҳои хона, ба таълиму тарбияи фарзандон машғул мешавам.
- Оё шуморо барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекунанд?
- Ростӣ, чанд маротиба даъват кардаанд, вале чун он вақт хеле серкор будаму имкон қабул кардан надоштам, рад мекардам. Агар ҳоло даъват кунанд, рад намекунам, зеро кори ҳунарпешагиро низ дӯст медорам.
- Шумо ҳоло дар инстаграм фаъолед, блогер шуданӣ ҳастед ё танҳо сурудҳои худатонро нашр мекунеду халос?
- Не, фикри блогер шуданро надорам, аммо чун медонам барои тарғиби ҳунар майдони хуб аст, сурудҳои худамро ва умуман навигариҳои эҷодиамро он ҷо ба мухлисонам хабар медиҳам.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД