arzon replenishment
Ҷанҷолҳои хунин дар Исфара ва Истаравшан
998

 

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани ҷанҷолҳои хунин дар шаҳри Исфара ва Истаравшан хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, бар асари ин моҷароҳо ду нафар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуда, ду нафари дигар бо дастони завлона зада ба пушти панҷара рафтанд.

Ҳодисаи аввал шоми 4-январ сар зада, як ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар рафти моҷарои оилавӣ марди 27-соларо дар манзили истиқоматии худи мард корд задааст. Сабаби сар задани фоҷиа маълум нест, вале манбаъ мегӯяд, ҷавонзан бо корд ба қафаси синаи мард зада, бар асари ин зарбаи ҷонкоҳ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Нисбати ин ҷавонзани 22-сола барои расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.

"Боз як моҷарои хунин дар шаҳри Исфара сар зада, як марди 46-солаи сокини ин шаҳр рӯзи 15-уми январ, тахминан соати 12:30 дар кӯчаи Б. Маҳкамови шаҳри мазкур бо марди 36-солаи маҳаллӣ бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро бераҳмона лагадкӯб кардааст."

Ҷабрдида бар асари лату кӯби зиёд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд.

Тафтишоти ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД