sebiston july new
АНОНС… 18 СОЛ ДАР ДӮЗАХИ ҲОҶӢ
2408

 

...«Ин як қанчиқ аст. Баред, фалону бесмадонаш кунед. Як ҷалаб буд, ман соҳибӣ карда гирифтам. Модараш «мамароза», авлодаш ҳаром аст. Ман ба хотири шаш фарзандам бо ин зиндагӣ дорам, вагарна кайҳо аз ин хонаву дар дафъ мекардамаш. Ин барои ман як латта аст»,-мегӯяд, шавҳарам дар назди ҳама ба ман ишора карда...

Қиссаи мазкур асоси воқеӣ дорад. Идомаи онро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!!!

“Педофил” дар кӯчаҳои пойтахт

... Нафаре, ки аввалин шуда, ин хабарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард, навишта буд, ки ҷавони ношиносе узви ҷинсии худро ба духтарони ӯ, ки яке 9 ва дигаре 11 сол доранду барои партофтани партов ба берун баромада буданд, нишон додаву нисбати онҳо нияти бад доштааст. Андешаҳо оиди ин амали ҷавони ношинос гуногун буданд...

Шахсияти ҷавонро донистану ӯро шинохтан мехоҳед? Шумораи нави ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа кунед, ҷузъиёти бештар онҷост!

Хиёнатамро бубахш, модар!

...Ҳамсояи рӯ ба рӯямон хонаашро фурӯхту шавҳарам онро харидорӣ кард. Писаронам дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, шӯхӣ мекард ӯ. Худоро шукр мегуфтам, ки бароям чунин марди ҳалиму меҳрубон ва самимиро насиб гардонидааст. Ман аз ҳамсарам аз замин то осмон миннатдор будам, зеро маро мефаҳмид, ба модарам мисли писараш хизмат мекард, хулоса аз чизе камбудӣ надоштем, вале...

Идомаи қиссаи мазкурро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед. Ҳафтаномаи “Оила”-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳр ёфтан мумкин аст!

Таҳмина Раҷабова: Издивоҷи дувум маро хушбахт кард!

... “Шавҳарам бисёр инсони сахӣ, нексиришт, пеш аз ҳама мӯъмину мусулмон ва ба маънои томаш мард аст. Ин қадар барои ман хубиҳо кардааст, ки хеле дӯсташ медорам. Нӯҳ сол мешавад, ки зиндагии якҷоя дорем ва ӯ маро хушбахт карда тавонист”,-ҳунарпеша аз шавҳари дувумаш ёдовар мешавад. Ӯ афзуд, ки аз издивоҷи дувумаш то ҳол фарзанд надорад, зеро...

Аз шахсияти ҷаҳонӣ шудани Нозияи Кароматулло, пайдо кардани ҷасади ҳунарпешаи амрикоӣ баъди панҷ рӯзи нопадид шуданаш то нашри клипи ситораи хурдсол Алимуҳаммад Фақиров дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.

То соли 2100 аҳолии сайёраи Замин чӣ қадар мешавад?

... Гуфта мешавад, ки то соли 2100 аҳолии ҷаҳон аз 7 миллиарду 800 миллиони ҳозир ба 8 миллиарду 800 миллион нафар мерасад. Яъне, дар давоми 80 сол аҳолии ҷаҳон ҳамагӣ 1 миллиард нафар зиёд мешаваду халос. Аҳолии Чин, ки ҳоло 1 миллиарду 400 миллион нафар мебошад, то 80 соли дигар ба 730 миллион нафар баробар мешавад. Айни замон Чин сераҳолитарин кишвари ҷаҳон мебошад, аммо...

Баъди 80 сол аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар мешавад? Агар донистан мехоҳед, пас шумораи нави ҳафтаномиа моро дастрас карда, мутолиа кунед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила».

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД