Formula september
Анонси шумораи №18-уми ҳафтаномаи “Оила”
1946

Дар шумораи №18-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Вақте падар аз хона меравад” фикру ақидаи ҷомеаро оиди яке аз мушкилоти паҳнгаштаи хонаводагӣ, яъне баъди аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар аз меҳри падарӣ маҳрум мондани фарзандон баён менамояд.

“Ғуломи янга” чунин унвон дорад сарнавишти ҷавоне, ки бо амри тақдир сағера мемонаду аз ҷониби зани тағояш ҷабру ситами зиёде мебинад.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи шумо” ба саволҳои “Барои таъмири мактаб аз хатмкунанда пул мегиранд?”, “Бе никоҳ ба моликият ҳуқуқ надорам?”, “Доғи судӣ дошта бошӣ, бе кор мемонӣ?”, “Барои худмуҳофизаткунӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд?, “Бе иҷозат ба манзил ворид шудан мумкин аст?” аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ посух дода шудааст.

Қиссаи “Падар дар пушти дар” ҳушдор ба мардонест, ки дар ҷавонӣ думболи зани дигареро мегиранду дар дами пирӣ хору зор гашта, боз ба суроғи зану фарзандони аввалаи худ бармегарданд.

“Пеши поям афтида, зорӣ мекунад” аз зиндагиномаи зане нигошта шудааст, ки аз зани дигар доштани шавҳараш бохабар гашта, дигар гуноҳашро бахшида наметавонад. Қисса давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Оила” мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди ҷавон Соро Саидкамолидинова оиди пайроҳаи эҷодӣ ва фаъолияташ дар синамо мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Алишер Раҳимов, ки ба муштариёни сомонаҳои иҷтимоӣ бештар тавсияҳои тиббӣ медиҳад, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “9 маслиҳат ба бонувони аз 60-сола боло” ва "Роҳҳои паст кардани фишори хун” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони "Нишонаҳои қиёмат", “Дашноми ҳамсар”, “Исқот ва ислом”, “Намоз дар назди оина” ва дигар саволҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Обхезӣ ва сел дар хоб нишонаи чист?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “6 сабаби депортатсия кардани муҳоҷир“ маводеро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Келинро оварда, худам нодаркор шудам”, “Хиёнати шавҳарамро медонам, вале... ”, "Дилам ба фарзанди падар месӯзад" дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД