Arzon march 2024
Анонси шумораи №24-уми ҳафтаномаи “Оила”
1925

Дар шумораи №24-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони «Мо шикастем, вале нарехтем» аз зиндагинома ва пайроҳаи пурпечутоби рӯзгори меъмор ва кулолгар, мудири кафедраи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Фирӯза Эмомова мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Духтар, ки телефонбоз шуд...” фикру ақидаи ҷомеаро оиди телефонбозии ҷавонон ва мушкилоти он дар ҷомеаи имрӯза баён менамояд.

“Бозгашти шавҳари арӯсбоз” аз нақли бонуе ба қалам дода шудааст, ки бо ишқу ошиқӣ оила бунёд намуда, тамоми нерӯи худро ба ободонии хонаву оилааш мебахшад, вале баъди соҳиби як фарзанд шудан шавҳараш аз хона баромада меравад.

Қиссаи “Кӯрнамакро бубахшам?” воқеӣ буда, бори дигар хонандаро ҳушдор медиҳад, ки дар зиндагӣ соддаву зудбовар шудан нашояд, вагарна нафарони бадхоҳу хиёнаткоре ҳастанд, ки ба рӯят механданду дар пуштат корд мезананд.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Ҳеҷ чиз бе заҳмату меҳнат ба даст намеояд” бо сарояндаи шинохта Мубориз Усмонов мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Фирӯз Асоев маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Ниқобҳои витаминдори тобистона” ва "8 фоидаи тарбуз ба саломатии инсон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” таҳти унвони “Ислом ва либос” мавод дарҷ гардидааст. Ҳамзамон ба саволҳои хонандагон таҳти унвони “Суннат дар сафар” ва “Савоби тобутбардорӣ” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Сӯхтори хона дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Қаллобонро чӣ гуна метавон шинохт?” маводро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед. Ҳамзамон номаи як муҳоҷир таҳти унвони “Ҳама Русия коркунӣ раванд, ман отакобӣ омадам” пешниҳод гардидааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Дуздии ҷияни занамро бахшам?”, “Шавҳарамро бо зани дигаре дидам, вале...”, “Доманамро доғдор карду хостгор фиристод” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД