Arzon march 2024
Анонси шумораи №30 ҳафтаномаи “Оила”
1547

Дар шумораи №30 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Зан гирам, фарзандонам меранҷанд”, “Духтари телефонбозам қасди худкушӣ мекунад”, “Аз духтар ношукрӣ накунед, хор мешавед!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Ба охир расидани дунё дар хоб” ва “Марги модар дар хоб чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Арӯси муштзан” чунин унвон дорад зиндагиномаи оилаи зану шавҳари ҷавоне, ки бо айби моиндар-хушдоман келин гирифтори хушунати оилавӣ мегардад. Қисса хеле аҷиб буда, фарҷоми нек дорад ва барои дигар келину хушдоманҳо хеле ибратомӯз аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

Қиссаи “Ғамзаро гӯр партофт” дар бораи зане навишта шудааст, ки бо вуҷуди шавҳари хубу меҳрубон ва зиндагии осудаву осоишта доштанаш ба роҳи бад рафта, оқибат хиёнаташ фош мегардаду хонавайрон мегардад. Қисса давомдор буда, қисмати охири онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Абдурозиқ”-и нав то суруди русии Аҳлиддини Фахриддин” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Вақте гӯши кӯдак дард мекунад, модар бояд чӣ кор кунад?” 10 маслиҳати судманд ба волидони ҷавон дода шудааст.

Дар рубрикаи “Чеҳра” суҳбати блогери афғон бо сарояндаи шинохтаи кишвар Садриддин Наҷмиддин пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД