formula
Анонси шумораи №33 ҳафтаномаи “Оила”
515

 Дар шумораи №33 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Барон бо Абдурозиқ оштӣ шуд? ” оиди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани хабаре, ки гӯё продюссер ва рэпсарои тоҷик Беҳрӯз Набиев ба Дубай ба назди Абдурозиқ рафтааст, савол ирсол намудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Шавҳарам занҳои зеборо дӯст медорад, вале...”, “Рашки хоҳаршӯ диламро гирифт”, “Шавҳари бангиамро дубора қабул кунам?” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Арӯси ғариб” дар бораи хиёнату номардии як муҳоҷири тоҷик аст, ки дар кишвари рус духтареро фиреб дода, хонаашро мефурӯшаду ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳову бесарпаноҳ мепартояд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Ғуломи ишқ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки шавҳарашро девонавор дӯст медораду ба тамоми ранҷу дарди хушдоманаш сабру тоқат мекунад. Хушбахтона бо дахолати падарарӯс ҷавонзан аз азобҳои ба сараш омада раҳоӣ меёбад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз таърихи нашри “Хона” то “Вой-вой”-и Баҳодуру Шаҳло” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи ҷашни арӯсии ду ситораи турк Озгӣ Гюрел ва Серкан Чайоғлуро бо чанд хабари кутоҳу ҷолиб оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони ватанӣ мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро кӯдакон асабӣ мешаванд?” оиди сабабҳои асабонияти атфол ва роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД