Muhojirati behatar
Анонси шумораи №36 ҳафтаномаи “Оила”
216

 Дар шумораи №36 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 Дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома толеъномаи ошиқона барои моҳи сентябр дарҷ гаридааст, ки махсус барои дилдодагон таҳия шудааст. Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Келинам дуздӣ мекунад?”, “Аз баҳри зани беморам бароям?” ва “Шавҳарам сиҷинг аст” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Амакбачаи разил” сарнавишти зане аст, ки аз рӯи сарвату дороии падар бадбахт шуда, дучори хиёнату разолати нафарони бегона не, балки аз ҷониби амакбачаву занаи амакаш ранҷ кашидааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Гӯри бе майит” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки дар зиндагӣ ба хатогиҳои зиёде роҳ дода, ба шавҳар хиёнат мекунаду билохира, фарзанди ягонаашро аз даст медиҳад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давомашро дар шумораи оянда мутолиа кара метавонед.

Дар саҳифаи 6 таҳти сарлавҳаи “Зани рус лату кӯбам кард, аммо шавҳарамро аз дасташ гирифтам!” сарнавишти як зани тоҷик, Азизмоҳ Маҳмадиева дарҷ гардидааст, ки дар танҳоӣ ба Русия сафар намуда, шавҳари худро аз дасти зани рус кашида мегирад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз ”Ай му кабӯтар”-и Далер Назаров то “Ашк”-и Музаффар Шодиев мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик ва ҳунарманде, ки синамои тоҷикро машҳури тоҷик кардаааст, маводро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Бемориҳои мактабӣ” оиди чанд беморие маълумот дода мешавад, ки аз курсии мактабӣ сар мешаванд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД