formula55
Анонси шумораи №42 ҳафтаномаи “Оила”
2003

 

Дар шумораи №42 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “То ҳол Шафқатро интизорам“, ”Хусурам нонҳои сӯхтаамро пинҳон кард”, “Шавҳарамро аз ман ҷудо карданд” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба саволи хонандагон “Закия аз кӣ метарсад?” ва “Зулайхо киро оиладор кард?” то кадом андоза дурусту дақиқ будани овозаҳои мазкур посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 3 суҳбати хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳаҷвнигори ҷавону шинохта Ҳабибҷон Баҳриддинов доир ба ҳаҷв, стендап, баргузории стендап-консертҳо, ҳадафи ҳаҷвнигор ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳунарманд мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Қайтарма фоида дорад?”, “Дашном никоҳро мебурад?”, “Азони намози ҷумъа”, “Шайтон дар байни намоз” ва дигар мавзуҳо посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “Т” ва “У” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Васигӣ ба киҳо таалуқ дорад?”, “Киҳо шаҳрвандии моро гирифта метавонанд?”, “Духтари чандум меросхӯр мешавад?”, “Шавҳар ба хонаи зан даъво карда метавонад” посухи адвокат дода шудааст.

Қиссаи “Бахт бар иваз бадномӣ” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки бо шавҳари нашъаманд рӯзи сиёҳ дорад. Вақте ки дасту дилаш аз зиндагӣ сарду ба ҳама рафтори шавҳар тоқат мекард, тақдир ӯро бо марде рӯ ба рӯ месозад, ки ... Давоми қиссаи мазкурро аз саҳифаи шашуми ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз суруди дузабонаи Аҳлиддини Фахриддин то таронаи дуовозаи Исмоилҷон Исмоилов” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова таҳти унвони “Зиёрати ҳаҷ маро одами дигар кард” мутолиа карда метавонед.

“Офатмоҳ” чунин ном гирифтааст қиссаи навбатӣ, ки аз воқеан хатарноку иғвогар ва офат будани баъзе бонувони тоҷики хонавайронкун далолат медиҳад. Қиссаи мазкур давомдор буда, бо чӣ анҷом ёфтани сужаи онро дар шумораи дигари ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Доғҳои сафед дар бадани кӯдак аз чӣ пайдо мешаванд” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД