formula
Анонси шумораи №52 ҳафтаномаи “Оила”
03.01.2023
ОИЛА
385

 

Дар шумораи №52 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Қайсингул не балои ҷони янга”, “Писаронро ҳамма бахоҳи падар мебинам”, “Падарам писарашро оқ карду...” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа мусоҳибаи кутоҳи хабарнигори ҳафтанома бо сарояндаи ҷавону хушовоз Комилҷон Зарипов оиди зиндагиву кору фаъолияти ҳунарманд дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Сояи сиёҳи бадноми”, ки дар саҳифаи 5-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд охир ба хушбахти мерасад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз сӯҳбати ошиқонаи Зулайхо” то нашри “Кофе”-и Барон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи чеҳра зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Нурулло Абдуллоев пешниҳоди мухлисон мегардад.

Дар рубрикаи солимӣ оиди бемории солинавӣ маводи тиббиро мутолиа намоед.

Дар саҳифаи 15 зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Мирзоумари Мирзоаҳмад ба чоп расидааст

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД