formula
Арақ яке ба гӯристону дигариро ба зиндон бурд
523


Назаров Абдуназир, сокини деҳаи Даҳанаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт барои одамкушӣ ба мӯҳлати 22 сол равонаи зиндон гашт.

Ҳукми суди номбурдаро коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд содир кард.
Тавре дар хабарномаи додхоҳӣ омадааст Назаров 4-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, қафои бинои маҷмааи “Оташи абади”-и шаҳр, ки дарахтзору гулзор аст (дар як вақт хилватгоҳро мемонад) бо дӯстонаш Ҷумаев Тошпулод, Шербеков ва Садикова нишаста майнушӣ мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд: “мастӣ барад ба пастӣ”, вақте се марду як зан шароб нӯшида, маст мешаванд, дигар худро идора карда наметавонанд. Дар ҳолати мастию сархушӣ Тошпӯлод Ҷумаев ба Садикова наздик шуда, дастонашро ба зонуҳои ин зани майзада мерасонад. Ин рафтори дӯсташ рашки Абдуназир Назарови 64-соларо меорад, зеро пеш аз ин ҳодиса номбурда ба Садикова изҳори муҳаббат ва даъвати оиладорӣ карда, гуфта будааст, ки агар зан розӣ шавад, ӯро никоҳ карда ба ноҳияи Ашт мебарад ва онҷо якҷо зиндагӣ мекунанд.
Вақте ин чор тан якҷоя шароб менӯшанд, Ҷумаев бехабар аз нияти оиладорӣ доштани Абдуназир Назаров дасташро ба пойи зан расонида бо ин рафтораш ғазаи ӯро меорад. Аввал байни ҳарду ҷанги лафзӣ ба миён меояд, баъд Абдуназир Назаров бо дасту пойҳояш ба сару рӯи Ҷӯмаев мезанад. Дар натиҷаи зарбаҳои пай дар пай мард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба замин меафтад.
Косахонаи сарашро шикасту кушт
Назаров мебинад, ки Ҷӯмаев ба замин афтода дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад ба амалҳои ҷинояткоронаи худ идома дода, аз замин як санги 8 киллограмаро бардошта ба сару рӯи ӯ мезанад. Ҷумаев кӯшиши аз ҷанголи Назаров халос хӯрданро карда аз замин хестанӣ мешавад, аммо вай маротибаи дуюм боз бо ҳамон санг бо ҷоғи поёни мард зада ҷоғашро мешиканад.
Назаров мебинад, ки Ҷӯмаев бо зарби чандкаратаи мушту лагад ва ду бор бо санги вазнин задан намурд, ин маротиба сангро бардошта ба фарқи сари рақибаш мезанад. Дар натиҷа косахои сари Тошпӯлод Ҷумаев шикаста дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Тибқи натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ Тошпӯлод Ҷумаев аз осеби кушодаи косахонаи сар, хунҷамъшавии калонҷаҳм, шикасти пӯшидаи устухони косахонаи сар, шикасти пӯшидаи қабурғаҳои зиёд аз тарафи чапу рост, ҷароҳати ҷигар ва ғайра ба ҳалокат расидааст.
Одамкуш боз одам кушт
“Дили одаткарда балои ҷон” гуфтаанд. Ин мақолро нисбати Назаров ҳам ёдовар шудан айни муддаост, зеро қаблан соли 2007 низ ин мард бо ҷурми одамкушӣ суд шуда, ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд. Вай ҳамагӣ се сол пеш, 22- марти соли 2019 тибқи “Қонуни авф” ба озодӣ баромада, боз бо ҷурми куштор ба зиндон афтид. Абдуназир Назаров бо Тошпулод Ҷумаев, сокини шаҳри Панҷакент замони дар маҳбас буданаш ошно шудааст. Баъди ба озодӣ баромадан ҳарду дар мардикобозори Гулистони шаҳри Хуҷанд мардикорӣ карда тез-тез ба пули меафтаашон арақ харида майнӯшию айшу ишрат мекардаанд. Рӯзи куштор низ шишаи 200 миллиграмаи арақро бо ҳам нӯшиданд ва оқибати инмазми мастона якеро ба гӯристону дигариро ба зиндон бурд.
Назаров Абдуназар бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в, п ” КҶҶТ гунаҳгор донист шуда, барои одамкушӣ ба мӯҳлати 22 сол равонаи зиндон гашт.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД