Commerce bank may-june 2026
Ҷарима барои риоя накардани меъёрҳои забони тоҷикӣ
27.07.2026
Оила
46

 

Соли равон барои риоя накардани меъёрҳои забони тоҷикӣ нисбати 9 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ кушода шуда, аз онҳо 9 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст. Дар ин хусус раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфтааст:
“Мо тафтиш мекунем, баррасӣ мекунем, як моҳ вақт медиҳем, агар ислоҳ накард, баъд мо маҷбур мешавем, ки санад тартиб дода, ба Прокуратураи генералӣ фиристем. Дар асоси қарори суд чунин шахсон ҷариба карда шуда, ба давлат маблағи муайян месупоранд.”

Бо мақсади иҷрои қонун “Дар бораи забони давлатӣ” дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе 224 маводи соҳибкорон ва муассисаҳое, ки ба истеҳсоли таблиғ машғуланд, “баррасӣ ва мувофиқа” карда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи декабри соли 2025 ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” бандҳои нав ворид шуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд навишта шаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД