sebiston july new
АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР ҶАРРОҲИИ ДИЛРО ПАСИ САР КАРД
924

 

Арнолд Швартсенеггер, варзишгар, сиёсатмадор, соҳибкор ва ҳунарманди 73-солаи амрикоӣ иқрор шуд, ки яке аз шоҳрагҳои дилашро тариқи ҷарроҳӣ иваз кардааст.

Дар ин бора маҷаллаи “Хочу” бо такя ба саҳифаи Твиттери ҳунарманд хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳунарманд амалиёти мураккаберо паси сар кардааст. Ҷарроҳӣ дар яке аз клиникаҳои шаҳри Кливленди иёлоти Огайои Амрико бомуваффақият гузашта, ҳоло ҳунарманд худро хуб ҳис мекунад ва аллакай ба по хеставу ба тамошои шаҳр низ баромадааст.

“Бо шарофати табибони клиникаи Кливленд акнун ман худро аз пештара беҳтар ҳис мекунам. Ҳолам он қадар хуб аст, ки ҳатто ба тамошои шаҳр ва муҷассамаҳои он баромадаам”,-навиштааст Арнолд Швартсенеггер дар Твиттери худ.

Ёдовар мешавем, ки ҳунарманд чанд муддати охир аз бемории қалб азият мекашид, зеро яке аз шоҳрагҳо вазифаи худро хуб иҷро накарда, ба саломатии ҳунарманд мушкилӣ эҷод мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД