arzon replenishment
Арӯси гунг
1691

 

Ҳарду дар зоҳир духтарони ороставу зебо буданд, аммо аз забонашон пайваста заҳр мерехт. Боре писари миёна бо ҳамсараш даст ба гиребон шуду ба модар гуфт, ки келини хушкардаат ба ман писанд наомад, дафъ мекунамаш. Аммо модар зорӣ кард, ки зиндагӣ шӯхӣ нест, бистари никоҳӣ барои тамоми умр мебошад.

Акнун, ки Замира соҳиби ду писарча аст, дигар имкон нест онҳоро ҷудо кардан. Шоирахола дар намозҳояш дуо мекард, ки Худованд ба дили келинҳояш имону инсоф андозад. Бадии кор дар ин буд, ки модарони ҳарду келин бисёр бетарбия буданд. Бо духтарони худ соатҳо бо телефон гап зада, талқин мекарданд, ки бо аҷузаи хушдоманат ҷанг кун, аз шавҳарат талаб кун, ки бароят хона харад.

Холаи Шоира бисёр зиқ мешуд. Охир, се писараки кучакашро бе шавҳар бо азобу машаққати зиёд калон кард. Рӯзе шуд, ки нони хӯрдан наёфт, ба хонаи ҳамсоя рафта, хизматгорӣ мекарду орд оварда, шиками фарзандонашро сер мекард. Бо азобҳои алим ҷигарбандонашро ба воя расонид, аммо имрӯз занҳои ноқобили онҳоро дида, дарун ба дарун месӯхт. Мехост хонаводаи сарҷамъ бошанд, сари дастархон якҷоя нишаста, хушҳоливу хурсандӣ кунанд.

Охир, зиндагӣ ғанимат аст. Аммо ҳатто сари дастархон Сокинаву Замира ғур-ғур карда, табъи шавҳарони худро хира мекарданд. Писари калониаш аз гапу ғур-ғури ҳамсараш гурезон шуда, ними шаб ба хона меомад. Ҳатто ними шаб Сокина пеши фарзандон дод зада мегуфт:

-Ту аз бевабозӣ омадӣ, мур, ту барин мардаки ноуҳдабаро.

Хуллас, аз шавҳараш доимо мушту лагад мехӯрд. Келини хурдӣ ҳам рӯзи шавҳарашро сиёҳ карда буд. Гоҳҳо холаи Шоира мехост аз ин ҳавлӣ баромада раваду ҳамроҳи хоҳараш зиндагӣ кунад, вале боз астағфуруллоҳ мегуфт. Бечора модар умедвор буд, ки келинҳо ислоҳ мешаванд, вале магар девори каҷ рост мешавад?

Парвина ҳама кору покизагии хушдоманашро ёд гирифта, доимо дар ҷунбуҷӯл буд. Ба занҳои ҳевараш умуман аҳамият намедод. Сокинаву Замира рӯзи дароз ӯро ғайбат мекарданд:

-Гунгака бин, имрӯз фасон кардааст.

-Боз ақлаш гирифта, усма ҳам кашидааст.

-Ин Акмал қатӣ занаш гунгак шудааст.

-Хушдоманҷон ҳам дигар гунгакӣ гап мезанад.

Парвина шавҳарашро бисёр дӯст медошт. Бо нигоҳи чашмонаш ба шавҳар гапашро гӯё мегуфт. Акмал ҳам ба ӯ сахт одат карда буд. Аммо рӯзе ба телефони Акмал аз ишқи аввалааш, ки духтари ҳамсабақаш Хуршеда буд, паёмак омад. Хуршеда навишта буд:

-Салом Акмал, ман аз шавҳарам ҷудо шудам, туро дидан мехоҳам, сахт пазмонат шудам. Акмал иродаашро аз даст дода, ба паёмаки Хуршеда посух дод:

-Салом. Ба куҷо равам?

-Ба назди қаҳвахонаи Мерве, пагоҳ соати 14:00 интизорам.

Акмал субҳи солеҳон ба шаҳр шитофт. Бо Хуршеда ба қаҳвахона даромаданд. Хуршеда бисёр духтари ороставу зебо буд, одами дидагӣ мехост ӯро дуздида барад. Ҳатто дар ҳамин қаҳвахона ҳам ба ин духтари хушрӯи шаҳрӣ ҳама бо ҳавас менигаристанд.

-Акмал, маро пазмон нашудӣ?

-Шудам, аммо ту моли дигарӣ.

-На, ман дигар шавҳар надорам. Ҳеҷ ӯро дӯст надоштам. Ҳушу ёдам ба ту буд. Дӯстат медорам.

-Хуршеда...-Акмал мехост гӯяд, ки зан гирифтааст, аммо хомӯш шуд. Аниқтараш аз ҳусну ҷамоли маҳбубааш ҳаловат мебурд. Дасти ӯро нарм фишурда гуфт:

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

ГУЛҶАҲОН: МЕХОҲАМ БАРОИ ФАРЗАНДОНАМ САРПАНОҲЕ ГУЗОРАМ

-Хуршеда, кӯдак дорӣ?

-На, тифли батнамро исқоти ҳамл кардам. Ман яктопараст ҳастам. Ту зиндагии манӣ, медонӣ ку.

-Падарат ҷанг накард?

-Не, дигар ба зиндагии ман коре надорад. Гуфт, ки рав, дӯстдоштаатро пайдо бикун. Акмал, ту зан гирифтӣ?

-Ҳа…

-Эҳе муборак бошад.

-Охир, ту ба шавҳар баромадӣ, аз зиққӣ касал шудам. Баъди як солаш як духтараки гунги модарзодро ба занӣ гирифтам. Дарак дорӣ ку, янгаҳоям амсоли саги газандаанд.

-Зани гунг... ҳа-ҳа-ҳа,- Хуршеда чунон баланд хандид, ки атрофиён ба онҳо нигариста, ҳайрон шуданд. Лекин, куштӣ маро... Ҳа-ҳа-ҳа...

-Чӣ ҷойи ханда аст, Хуршеда?

-Зани гунгат кар ҳам будагист. Кайф -кайфи ту, ҷангу ҷанҷол намекунад, ҳа-ҳа-ҳа...

-Ҳа, бисёр ботамизу ботарбия аст. Ҳоло ҳомиладор мебошад.

-Канӣ, аксашро нишон деҳ.

-Мана акси рӯзи тӯй гирифтаамон,-Акмал экрани телефонашро равшан намуд.

-Духтараки сиёҳаки ситорагарм будааст.

-Бале.

-Маро аз саҳифаи зиндагиат, аз дилат хат задӣ?

-Магар дил агар дӯст дорад, бад дида метавонад?

-Рост мегӯӣ, ман ҳам ҳеҷ фаромӯшат карда натавонистам. Фақат аз Худо зорӣ мекардам, ки насибаи ман шавӣ.

-Акнун чӣ кор мекунем, Хуршеда?

-Ту аввал ба ман бигӯ, арӯси гунгатро дӯст медорӣ? Ё барқасди янгаҳои сагат ӯро гирифтӣ?

-Ростӣ, баъди шавҳар карданат хеле хотирпарешон будам. Аввалин духтаре писандам омад, Парвина буд. Бори аввал ӯро дида, фикр накардам, ки гунгу кар аст.

-Занатро парто, бо ман издивоҷ кун.

-Увол аст.

-Чӣ ҷойи увол? Маро дӯст дорӣ, аз баҳри занат мебароӣ. Ман дигар гап надорам.

-Намешавад ин хел, туро пинҳонӣ мегирам, баъд ба ӯ иқрор мешавам, духтари хуб аст.

-Чӣ, ман зани дуюми ту шавам?

-Ҳа, чӣ ҷои тааҷҷуб аст. Қисми зиёди мардҳои тоҷик дузанаанд.

-Не, ман зани дуюм намешавам. Ким кадом гунгаку каракро аз ман боло медонӣ. Ман агар хоҳам, шавҳари ҷавону бе зан пур аст. Ту инро хуб медонӣ.

-Медонам. Зеботаринӣ, Хуршедаи ман.

-Ман аз ту нестам. Гунгака парто.

-Охир, ман мусулмонам, оҳаш маро мегирад.

-Аз ин бармеояд, ки ту маро самимӣ дӯст намедорӣ.

-Хуршедаи ман, мисли осмону замин ба ту меҳр дорам. Аммо ноҷавонмардӣ мешавад духтари гунгу карро дар вақти ҳомиладорӣ, дар нимароҳи зиндагӣ партоям. Охир, ӯ фарзанди маро дар батн дорад. Бар замми ин, бечора моиндар дорад.

-Афсона нагӯй. Ман рафтам. Маро фаромӯш кун.

Хуршеда бо сад нозу ишва аз қаҳвахона баромада рафт. Акмал як оҳи сарде кашиду ҳисобӣ карда, роҳи деҳаро пеш гирифт. Аммо дилаш ин дам сӯзише дошт, чунки Хуршедаро самимӣ дӯст медошт. Парвина шавҳарашро дидан замон табассум кард, мисли гул шукуфон шуд. Аммо бори аввал Акмал ӯро ба оғӯш накашид, мисли ҳамешагӣ аз рухсорааш бӯса накард. Парвина ҳаросид аз ин рафтори шавҳар.

Шоирахола пурсид:

-Бачам, тинҷӣ аст?

-Ҳа, очаҷон, хеле хастаам. Бояд бор биёяд аз Хитой. Корам зиёд аст.

Акмал ба тиҷорат машғул буд. Он шом табъаш хира буду ҳатто хӯроки гарм нахӯрд. Шаб паҳлу ба паҳлу гашта, оҳ мекашид. Баъди Хуршедаро дидан, безобита шуд, муҳаббаташ аз нав аланга гирифт. Аз пеши чашмонаш чашмони бодомии Хуршеда дур намерафт. Ҳарчанд кӯшиш намуд, ки ишқи Хуршедаро аз дил барорад, аммо бештар девона мешуду сабру қарор аз даст медод. Хаёлаш, ки парвоз карда, назди Хуршеда равад. Шаб Парвина ин ҳолати шавҳарашро дида, хеле ғамгин шуд. Дилаш эҳсос кард, ки бо шавҳараш чизе шудааст. Чун қудрати сухан кардан надошт, шавҳарашро чун кӯдак дӯстдорӣ намуд, аммо Акмал аз бистар бархесту ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Дилаш алов гирифта буд. Рафта аз ҷумаки рӯи ҳавлӣ оби хунук нӯшид, аммо тасфи дилаш кам намешуд. Рӯзи дигар боз Хуршеда паёмак навишт, ки омода аст зани дуюми ӯ шавад. Акмал аз хурсандӣ қариб, ки дод бизанад. Костюму шими зебояшро пушида, атри қимматбаҳо заду баромада, ба шаҳр рафт. Бо Хуршеда ба масҷид рафтанд ва он ҷо никоҳ карданд. Баъди никоҳ ба хонаи шахсии Хуршеда рафтанд. Шаб Акмал ба хона наомад. Шоирахола ҳис кард, ки писараш тағйир ёфтааст. Сахт ба ташвиш фитод. Аз такдири келинаш хавотир шуд. Субҳ Сокинаву Замира дигар ба ғайбат оғоз карданд:

-Ин гунгак рангу рӯяш сап сафед кандагӣ, шавҳараш шаб ба хона наомад.

-Дар шаҳр зан гирифтагист, гунгакбозӣ ба дилаш зад.

Ин дам Шоирахола бори аввал бо садои қаҳролуд гуфт:

-Канӣ, даматона гиред. Ин чӣ гап худаш? Аз Худо наметарсед, ин бечора худаш бе ин ҳам аз модар чунин таваллуд шудааст. Боз шумо ин қадар таҳқир мекунедаш. Бас будагист. Ҳарду келин додзании хушдоманашонро бори аввал, дида хомӯш шуданд. Парвина хеле озурда буд, аммо забон надошт, ки дарди дилашро бигӯяд. Акмал баъди се рӯз ба хона омада, бо Парвина муносибаташро хуб кард. Сипас ба модараш иқрор шуд, ки Хуршедаро никоҳ кардааст.

-Эҳ бачам, кори нохуб кардӣ.

-Очаҷон, дӯсташ медорам, аммо Парвинаро намепартоям.

Ин гуфтугӯи модару писар ба гӯши Сокина расиду акнун ӯро Худо дод. Дарҳол ба Замира ҳамаашро нақл кард. Авсунҳо маслихат карда, дар танҳоӣ ба Парвина бо имову ишора фаҳмониданд, ки шавҳарат аз болоят зан гирифтааст.

Парвина якбора ашки чашмонаш равон шуда, ба утоқи хобаш даромад. Холаи Шоира гиряи келинашро дида, давида омад ва бо имову ишора гуфт, ки “ту духтари манӣ, агар писарам сад зан гирад, ту келини манӣ ва бо ман мемонӣ. Парвина бо меҳр хушдоманашро ба оғуш кашид. Акмал ҳарчанд вақтҳои охир нисбати ҳамсараш бемеҳр шуда бошад ҳам, аммо ҳеҷ дар фикри аз ӯ ҷудо шуданро надошт.

Сокина писарча таваллуд кард, аммо бо қудрати Аллоҳ кӯдак модарзод як дасташ то ними оринҷ буду халос. Сокина тифлашро дидан замон аз тарс дод гуфт. Пушаймон шуд, ки пайваста Парвинаро таҳқир мекард. Худованди дергиру сахтгир ӯро ҷазо дод. Замира низ якбора гирифтори бемории пӯст гардид, дасту рухсораҳояш сафед шуданд.

Парвина писарчаи солим таваллуд кард, тифлакро Хурсандмурод ном ниҳоданд. Кӯдак ягон айби модарзодӣ надошт. Акнун келинҳои калонӣ ӯро таҳқир намекарданд. Дар ин хонавода оромӣ ҳукмфармо шуд, аммо ҳамоно Акмал байни ду зан рафтуомад дошт. Парвина ба писарчааш андармон асту Акмал ҳам баъди писарчадор шудан доимо дар хона аст. Хуршеда бошад, аз ин рафтори Акмал ба ғазаб омада, рӯзе бо ӯ ҷанҷол карду сари қаҳр ба Амрико ба назди бародараш рафт. Акмал чандин маротиба ба ӯ занг зада, хоҳиш кард, ки баргардад, вале Хуршеда барнагашт. Дар охирин суҳбат гуфт, ки “бо ту дигар зиндагӣ намекунам, бо гунгакат хушбахт бош!”

Ҳоло Акмал бо Парвина зиндагии орому ширин доранд. Хурсандмурод се сола шуд. Келинҳои хонавода дигар баҳс намекунанд, нишастҳои хонаводагӣ ширу шакар барин мегузарад. Аммо Шоирахола бемор аст, фишори хунаш баланд шуда, якбора як тарафи баданаш карахт шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД