arzon replenishment
Арӯси яроқдор
1513

 

Вақтҳои охир сарам дард мекунад, табиби машҳур инро заъфи асаб мегӯяд, баъди анҷоми даҳ рӯзи табобат ба назди ӯ мешитобам. Аз кор ҷавоб гирифтаам, аз ин рӯ шитоб дорам, аммо навбат поидан зарур меояд. Зеро аз ман дида саҳархезҳо ҳам будаанду аллакай ҷойҳои аввал банд, ман одами ҳабдаҳум, ба ҳамин ҳам шукр гуфтаму навбат гирифтам.

Пеш аз ман зани сабзинаи пӯсту устухон, ки чашмонаш аз косахонаи сараш зада баромада, хеле маҳзун буданд, навбат дошт. Ӯ ба ман нигаристу пичиррос зад:

-Ҳар қадар барвақт хезам, боз дер мекунам.

Овозаш ба гӯшам шинос тофт ва бо диққат ба рӯяш зеҳн мондам ва ӯро шинохтам, Малоҳат буд. Ҳарчанд пештар ҳам ҳусни казоӣ надошт, вале ҳозир ба ҷасади мумиёшудае шабоҳат дошт. Худро ношинос вонамуд кардаму “ман ҳам ҳамин хел, дермонӣ дарди кӯҳнашудаам” гуфтам бо лабханд. Малоҳат маро нашинохт, охир ӯ замоне хоҳари қумандони машҳуре буду моро назараш намегирифт, мо ӯро байни худ арӯси яроқдор мегуфтем, воқеа ин тавр буд…

                           Бачаи хушрӯи кӯча

Оилаи мо дар як бинои нӯҳқабатаи маркази шаҳр зиндагӣ мекарданд, волидони ман омӯзгор буданду ману бародарамро бо нони ҳалоли муаллимӣ ба воя расониданд. Бародарам духтур, ман бошам пушти касби волидонам рафта, муаллим шудам, ҳамсояҳои мо ҳама зиёиён буданд. Дар даврони шӯравӣ ба мардум аз рӯи навбат хона медоданд, бобои падарии ман муаллими хизматнишондода будаанд ва ин хонаро барои меҳнатҳояшон ба он кас доданд ва он ба падари ман мерос монд. Ҳамсояҳо бо ҳам дӯсту тифоқ будем, бо сар задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ аксарияти мардуми деҳот ба шаҳр кӯч бастанд ва мо ҳамсояҳои нав пайдо кардем. Ҳамсояи рӯ ба рӯи мо оилаи русе буданд, ки ба Русия кӯч бастанд ва хонаи онҳоро як оилае харид, ки чор писар дошт. Модари хонадон муаллима ва падарашон депутат буд, писари хурдии ин хонадон Юсуф дар ҳақиқат ҳусни юсуфона дошт ва ҳама духтарони бино ошиқаш буданд. Юсуф ба касе аҳамият намедод ва чун бародаронаш писари хушахлоқу хушгуфторе буд, бародаронаш як –як хонадор шуда, рӯзгорашро ҷудо карданду навбати зангирии Юсуф расид. Ман он вақтҳо донишҷӯи курси аввал будам, медидам, ки модари Юсуф ба ман бо назари харидорӣ менигарад ва бо модарам низ дугонаҳои ҷонӣ буданд. Ростӣ, ман ҳушам ба хондан буду кай парвои ишқу ошиқӣ доштам, бовар ҳам надоштам, ки Юсуф аз байни ҳамин қадар моҳрӯй маро ба занӣ гирад. Аммо мавзӯи сӯҳбати духтарон Юсуф буду бас, онҳо ҳар кадоме худро ҳамсари Юсуф тасаввур мекарданд. Бачаи хушрӯи кӯча бошад, акнун дар кадом донишгоҳи бонуфузе таҳсил мекарду субҳгоҳӣ бо мошини хориҷии гаронбаҳо аз хона бромада, бегоҳӣ бармегашт, парвои одаму олам надошт.

                       Хоҳари қумандон

Холаи Сарварбӣ модари Юсуф ба модарам гуфтааст, ки писараш баъди дарсҳо дар ширкати тиҷоратии кадом як қумандони номдор кор мекунад. Он вақтҳо номи он мард дар бадани одам вараҷа меандохт ва мардум аз ӯ дар ҳазар буданд. Ҳамон солҳо зимистон сахт омаду модарам бемор шуд, холаи Сарварбӣ оши борик пӯхта, ба беморбинӣ омад. Ҳарчанд модарам, “апа, ба ин хона надароед, бемор мешавед” гуфта бошад ҳам, хола даромад ва маълум буд, ки ѓайр аз хабаргирӣ рози дигар ҳам дорад. Ман ҳар он чизе, ки доштем, ба рӯйи дастурхон гузоштам, барои дугонаи модарам аз мошкичирии худамон ва барои модарам аз оши буридаи хушмаззаи дугонааш бардошта, дари онҳоро пӯшидам ва ѓайриихтиёр шоҳиди сӯҳбати онҳо шудам.

-Марямҷон, ман ду бародар дорам, на апаву на хоҳар, дар ҳамин ѓурбат дур аз диёри бобоӣ туро мисли хоҳар қабал кардам. Дилам пур-пури ѓам, мехоҳам гиреҳи онро пеши шумо кушоям то андаке бошад ҳам, сабук шавам. Бо ҳамсарам маслиҳат кардаму мехостам духтари шумо Наимаҷонро барои писарам хостгорӣ кунам, Юсуф ҳам розӣ буд, вале…

Ҳамон қумандоне, ки писарам зери дасташ кор мекунад, хоҳарашро ба ӯ доданӣ шудааст, Юсуф мегӯяд, ки хоҳараш чанд бор ба назди акааш омада, ӯро дидааст. Шавҳарам мегӯяд, ки аз ин мард ҳар чиро чашмдор шудан мумкин ва дудила шуда мондем. Модарам бо шунидани номи даҳшатбори он қумандон бо тарс гуфт:

-Апаҷон, ман метарасам ба Худо, як духтару як писари талбида дорам, маро ба доми бало гирифтор накунед. Шавҳари шумо ҳам одами номдор, келин кунед ҳамон духтаракро!

Баъди як ҳафта холаи Сарварбӣ бо азми рӯ ширинӣ овард ва гуфт, ки Юсуфро фотеҳа карданд. Духтарони кӯча ҳам вақте фаҳмиданд арӯси Юсуф кист, дигар гапу калоча накарданд. Ростӣ, ман каме ѓамгин шудам, ки ҳамин гуна ҷавони нозанинро қисмат насиби ман надидааст ва ба арӯсшавандааш нафрин фиристодам, ки наход мардро маҷбур кунӣ, ки маро ба занӣ гир.

                               Арӯси яроқдор

Тӯй бо як шукӯҳу шаҳомате барпо гашт, ки ногуфтанӣ, мегӯянд қумандон барои хоҳари эркаву кенҷааш ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй додааст. Дар хонаи холаи Сарварбӣ низ тӯй чанд рӯз давом кард, вале хола чанд рӯз дар беморхона хоб кард, сабабаш…

Модарам сардори шарбатхона буд ва тӯйро роҳбарӣ мекард, ӯ ҳодисаеро ба ман нақл кард, ки аз шуниданаш чанд рӯз ба худ наомадам. Тӯй дар тарабхона ба анҷом мерасаду арӯсро ба хонаи бахташ меоранд, холаи Сарварбӣ аз рӯи одати ниёгон дар лаълие шириниву сақич ва ангуштарии тилло гирифта, таги чодар барои дидани арӯс медарояд. Арӯс гӯё ҳаминро интизор бошад, аз сумкааш таппончаеро бароварда, ба пешонии хушдоманаш монда мегӯяд:

- Салом очаҷон, ин манам келине, ки шумо намехостед, маро ба хонаатон биёред, агар дар тӯли зиндагӣ аз забонатон як ҳарфи ноҷо мебарояд, аз худатон донед!

Арӯс гапашро ба охир нарасонида, хушдомани хушният аз тарс пеши пояш меафтад, апаи арӯс таппончаро аз дасти хоҳараш гирифта, ӯро бо як зӯр ором мекунад ва холаи Сарварбиро бо фишори баланди хун ба беморхона мебаранд.

Қиссаи арӯси яроқдор зуд овоза шуд, аммо мардум онро паст-пастак ба ҳам нақл мекарданд.

Хусуру хушдомани Малоҳат хостанд хонаву дарро ба писару келинашон монда, ба ҳавлии писари калонӣ раванд, аммо хоҳари қумандон инро намехост, ӯ савори мошини хориҷӣ ба кор мерафту меомад, хизматгор дошт, соҳиби се фарзанд гашту аз катагияш намонд. Юсуфи нозанин ба ѓуломи ин сиёҳаки пакана табдил ёфта буд, аммо гардишҳое дорад қисмат.

                       Заволи давлат

Бо тинҷу ором шудани замона ва дастгириҳои Пешвои миллату ҳукумати ҷумҳурӣ ин гуна қумандонҳои худкома ба асли хеш баргаштанд. Бародари Малоҳат дар як садамаи автомобилӣ ҳалок гашт, духтарчаи сесолааш бошад, зери чархи мошини модараш ба ҳалокат расид, ӯ бехабар аз он ки духтаракаш зери мошинаш зочабозӣ дорад, мошинашро ронда, ӯро пахш карда кушт.

Баъди марги бародар ва ин фоҷиаи зиндагияш Малоҳат ба бемории инсулт гирифтор гашт. Касе ӯро дида бошад, ҳеҷ гумон намекард, ки замоне ин зани пӯсту устухони маъюб дунёро ба коми худ медид. Дилам ба ҳолаш сӯхт…

Ду духтараки дигараш калон шудаанду соҳиби шавҳару хонаву даранд, ҳарду ба хотири бемории модар Донишгоҳи тиббиро хатм карданд. Юсуф занашро напартофт, дастгиру мададгораш монд…

Риштаи андешаҳои маро овози ҳамшираи шафқат канд, ки мегуфт, “э занак хобед, навбати шумо…»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД