arzon replenishment
Қарз додан ба ҳамсоя ҷоиз аст?
810

Дар урф гуфтаанд: «Ҳамсояи хуб беҳ аз хеши дур» ё «Ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур». Воқеан дар ҳолатҳои зарурӣ то он замоне, ки хешу таборон аз дур бирасанд, ҳамсоягон аллакай ҳозир мебошанд.

Ҳазрати Оиша (р) ҳамсари Пайғамбари Худо (с) гуфт: «Аз Расули Худо (с) пурсидам, ки ду ҳамсоя дорам ба кадом якеи онҳо ҳадя диҳам? Фармуданд: Оне ки дари хонааш ба ту наздиктар аст». Аз ин ҳадис бар меояд, ки агарчи ҳамаи хонаҳои гирду атроф ба ҳадди ҳамсоягӣ дохиланд, лекин онҳое, ки дар масофаи наздиктар ҷойгиранд ҳаққу ҳуқуқи бештаре доранд, чунки ҷараёни ҳама гуна ҳодисаву руйдодҳои ҳамсоягӣ, пеш аз ҳама, ба онҳо алоқаманд мегардад. Масалан, дар ягон хона дуздӣ, сўхтор, муноқишаи сахти оилавӣ ё зарарҳои офати табиӣ ва амсоли ин руй диҳад, албатта зиёни он ба ҳамсоя низ мерасад.

 

           Ба хотири амну осоиш ва зарару озор надодан ба ҳаёту фаъолияти дигарон дини мубини Ислом баъзе ҳуқуқу қоидаҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки ҳангоми иҷрои онҳо миёни одамон, ба хусус миёни ҳамсоягон меҳру муҳббат, дустию бародарӣ, садоқату вафодорӣ ва муносибатҳои неку ҳасана барқарор мегардад. Аввалан накўи кардан ба ҳамсоягон (чи хеш бошаду чи бегона) ва тарки кибру худситоӣ нисбати онҳо: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молик шуд, накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки ботакаббури худсито бошад;» (Сураи «Нисо», ояти 36).

         Дар ҳадиси имом Муслим омадааст: Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар кас ба Худо ва рўзи қиёмат бовар дошта бошад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад». Дар накўи кардан ба ҳамсоя натанҳо хурсандию миннатдории ўро дармеёбем, балки ба аҷру савоб низ ноил мегардем. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абўзар (р) чунин хитоб карданд: «Ҳаргоҳ шурбо бипазӣ, оби онро бисёр кун ва ҳамсоягонатро низ ёд бикун».

       Расули худо (с) аз рўйи ҳаққу ҳуқуқ ҳамсоягонро ба се навъ ҷудо кардаанд: 

           1. Дорои як ҳақ. Ҳамсояи ғайримусулмонест, ки бо ҳамсояи худ дар дин ихтилоф дорад, бо вуҷуди ихтилофи диниву ақидавӣ болои ҳамсояи худ ҳаққи ҳамсоягӣ дорад ва бояд он ҳақ дар нисбати ў риоя гардад. Дар масъалаи ҳамсоягиву ҳамсоядорӣ сарфи назар аз дину ойин, миллату нажод ва макону минтақа қоил ба эҳтироми ҳамсоя буда, ба адои ҳаққи ҳамсоягӣ дастури ҳатмӣ медиҳад; 

             2. Дорои ду ҳақ. Ҳамсояест, ки ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳам ҳаққи мусулмонӣ дорад ва ин ду ҳақ дар нисбати ў бояд адо гардад; 

           3. Дорои се ҳақ. Ҳамсояест, ки қаробати насабию хешу таборӣ дошта, дорои ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳам ҳаққи мусулмонӣ ва ҳам ҳаққи хешовандӣ мебошад.

Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) чунин фармудаанд: «Ҷабраил (а) он қадар дар ҳаққи ҳамсоя ба ман таъкиду супориш карданд, ки гумон бурдам ба зудӣ ҳаққи мерос бурдани ҳамсояро низ эълон мекунад».

Ғайр аз ин вақте ки Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро аз ҳаққи ҳамсоя пурсиданд, Ў дар посух чунин фармуданд: «Агар талаби қарз кард ўро қарз бидеҳ».

Дар ҳадисе аз Пайғамбари Худо (с) омадааст: «Ба Худо қасам (се бор такрор карданд) имон надорад. Асҳоб пурсиданд. Кӣ имон надорад? Фармуданд: «Касе, ки ҳамсояаш аз бадию зарари ў дар амон нест».

           Оре, ин аст мактаби одамият, ки дини мубини Ислом, мадрасаи аҳли суннат ва ҷамоат ва мазҳаби ҳанафия барҳақ таълим медихад.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломї

Омӯзгори калони ДИТ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД