goodwell
Ҷасадҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тотористон ба ватанашон оварда шуданд
12.08.2026
Oila.tj
80

Ҷасадҳои ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористон ба ҳалокат расиданд, ба ватан интиқол дода шудаанд. Ҳавопаймои махсус рӯзи 12-уми август дар Ӯзбекистон фуруд омадааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфтааст ва ба ҳайати он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва Агентии муҳоҷират шомил шудаанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки масъалаҳои ба ватан баргардонидани ҷасадҳо ва дастгирии оилаҳои қурбониён дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия таҳти назорат қарор доранд.

Ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Нижнекамск субҳи 10-уми август сурат гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла 13 нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола ба ҳалокат расида, 75 нафари дигар барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд. Дар миёни қурбониён як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Раисҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ба президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД