sebiston july new
Ҷашни зодрӯзи донишҷӯи ҳиндӣ дар Тоҷикистон бо марг анҷом ёфту...
472

Хонандагони азиз! Тавре дирӯз иттилоъ дода будем, ҷасади як донишҷӯи ҳиндуи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро аз данғара пайдо карданд. Маросими ҷанозаи ин ҷавони ғӯррамарг имрӯз дар масҷиди ҷомеъи деҳаи Кангажаи Керолаи кишвари Ҳиндустон доир шуд.

Риёз Ҳарис Муҳаммад, донишҷӯи Донишгоҳи тибби Тоҷикистон ба номи Сино буд ва мехост табиби ҷарроҳ шавад, вале ин орзуяшро бо худ ба зери хоки сард бурд. Риёз дар рӯзи фоҷиа зодрӯз дошт ва ҳамроҳи ҳамсабақонаш барои таҷлили ҷашни милодаш аз Душанбе ба Данғара рафта, ҳангоми аксбардорӣ ба об афтида, ғарқ шудааст.

Падари ин донишҷӯи нокоми ҳиндӣ дар вилояташон мақомдор будааст ва писараш ният дошт, ки баъди чанд рӯзи дигар бо итмоми таҳсилаш дар Тоҷикистон ба ватанаш баргардад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ин донишҷӯи ҳиндӣ дар селгузари деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара ғарқ шудааст. Дӯстонаш гуфтаанд, ки ӯ бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ғарқ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД