Oila 5 years
Атри “Фарзонаи Хуршед” кай ба фурӯш мебарояд?
24.03.2022
ОИЛА
1009


Фаронса-гаҳвораи мӯд, зебоӣ ва атрҳои хушбӯй ба истеҳсоли атри хушбӯйи наве шурӯъ намуд, ки ба шарафи яке аз ҳунармандони ҷавону зебои тоҷик, бонуи булбуловоз ва парипайкару овозадор Фарзонаи Хуршед Shady by Farzona Khurshed (Накҳати Фарзонаи Хуршед) ном гирифтааст.

Дар ин бора худи Фарзонаи Хуршед дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм хабар додааст.

“Шукри худованд акнун ҳаводорони ҳунари банда метавонанд атри хушбӯйи занонаи “ Shady by Farzona Khurshed”-ро дастрас намоянд, ки дар худи Фаронса истеҳсол шуда, номи маро дорад. Вақте дар Фаронса барин кишвари пешрафтаи олам ба шарафи ту атри махсус мебароранд, ин хушбахтии бениҳоят бузург аст. Шукри худованд, ки чунин саодатро насиби ман гардонидааст”-навиштааст ин ҳунарманди ҷавону овозадори тоҷик дар Инстаграм.
Дар навори видеоӣ бошад, Фарзонаи Хуршед шишачаи атри (духи) нави “Shady by Farzona Khurshed”-ро дар даст дорад ва бо табассуми ширин онро ба мухлисонаш нишон дода, дар бораи ин накҳати гуворо нақл мекунад.
“Ин атр бӯйи нотакроре дорад. Азбаски ман духтари хеле устувор ва қавиирода ҳастам, атрам низ мисли худам накҳати устувор дорад”-мегӯяд Фарзона дар тавсифи духии “Shady by Farzona Khurshed”
Арзиши атри Фарзонаи Хуршед ҳанӯз маълум нест.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2020 хоҳарбузурги Фарзонаи Хуршед-ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё низ аз истеҳсол шудани атри махсус бо номи ӯ хабар дода буд. Атр-(Духи)-и "Shabnam Surayo” дар Олмон истеҳсол шуда, 89 евро (бештар аз 100 доллар) арзиш дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД