Дар Душанбе ҷавони 24-сола бо гумони қаллобӣ нисбат ба беш аз 20 нафар боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки зарари расонидашуда ба шаҳрвандон беш аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Денис Назаров, сокини пойтахт, аз шаҳрвандон бо ваъдаи овардани мошинҳои гуногун аз Чин маблағҳои калон ва молу ашёи арзишманд гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ баъдан ваъдаҳои худро иҷро накарда, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Полис мегӯяд, ки то имрӯз беш аз 20 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ нисбат ба Назаров ошкор шудааст. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ӯ қаблан низ бо гумони дуздӣ ва қаллобӣ ба ҷавобгарии судӣ кашида шудааст.
Назари худи гумонбар дар бораи ин иттиҳомҳо дастрас нест. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои ин ҷиноят вобаста ба ҳолат ҷарима ва то 12 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.