goodwell
Ҷавони қаҳрамоне, ки кӯдаки 2-соларо аз марг наҷот додааст
140

Дар шаҳри Бохтар як ҷавони 17-сола кӯдаки дусолаеро аз марг наҷот додааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Зоирҷон Юсуфҷонов, хонандаи синфи 10-и мактаби №14-и шаҳри Бохтар санаи 15-уми июн писарчаи 2-солаеро, ки ба дарё афтода буд ва дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, аз об бароварда, аз марг наҷот додааст.

“Бо шарофати амалҳои саривақтӣ ва ҷасорати Зоир Юсуфҷонов кӯдаки дусола аз об берун оварда шуда, ба беморхона интиқол ёфт ва ҳоло вазъаш хуб аст”,- омадааст дар хабар.

Раёсати ВКД дар Хатлон барои чунин амали далерона Зоирҷон Юсуповро бо сипоснома ва планшет қадрдонӣ намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД