arzon replenishment
Аввал "Издеваться" баъдан корча зад
3196

Марди 39-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 26 апрел дар гузаргоҳи А. Раҷабов қариб ба қатл расонда мешуд. Дар ин бора хабар медиҳад ВКД.

Рӯзи 26-апрел сокини пойтахт, соати 23:50, дар гузаргоҳи А.Раҷабови ш. Душанбе раҳсипор буданаш марди 48-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ш. Душанбе бо ҳар баҳона ба ӯ дарафтода, дашномҳои қабеҳу болохонадор намуда ҷонашро ба лаб расонидааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса мард асабонӣ буд ва қаблан бо моддаи 223 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон суд шуда будааст.
Ин марди 39-солаи оромтабиат шиори ҷавоби ахмақ сукутро пеш карда ба рафтори ғайриинсонии он авбош аҳамият надода гузашта рафтан хоостааст вале аз хомушӣӣ ӯ марди асабоӣ ба хашм омада, сели дашномро ба он роҳгузари ночор равона карда ӯро ба ҷанг даъват кардааст. 

 

Тоқати марди 39 солаи оромтабиат тоқ шуда, ҳамонҳангом ба он мард фаҳмонадааст, рафтораш берун аз одоби одамгарист, лекин бо даҳон кушодан он авбош корди калони говкуширо аз кисааш бароварда, як маротиба ба қафаси синаи ӯ халондааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида аз зарби корди он марди 48-солаи вашҳисурат ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст,-омадааст дар хабари ВКД.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД