formula
Аввалин форуми занҳои погондор
407

Дирӯз дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон нахустин Форуми минтақавии бонувони низомӣ зери унвони “Нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаи Осиёи Марказӣ” баргузор гашт.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи чорабиниҳои “Муколамаи занони Осиёи Миёна” доир гашт.

Тавре ки масъулин зикр намуданд, ҳадаф аз баргузории форум инъикоси нақши занону духтарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва таҳкими сулҳу оромиш дар минтақа, барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ва зӯроварӣ нисбати зан, таъмини имкониятҳои баробари дастрасии занону мардон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва дар амал татбиқ намудани барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадорҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат буда, дар кори он бонувони муввафақи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои марбутаи кишварҳои Осиёи Миёна дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз нақши занону духтарони тоҷик дар ободонӣ ва ҳифзи Ватан сухан кард.
Дар форум Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири мамлакат, Нигина Ализода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, Амира Раҳматова, Раиси хадамоти иҷрои назди президенти Тоҷикистон, Наргис Азизова, мушовири минтақавии сохтори СММ-оид ба масъалаҳои занон, сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Севимли Эми, мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, Наргис Раҳимова, сарвари UHFPA дар Тоҷикистон, Нарбаева Танзила Камоловна, раиси сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон, Гульдара Нурамова, аъзои Кумитаи рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии парлумони Қазоқистон, Ҷаннат Овекова, аъзои Кумитаи қонунгузории Туркменистон, Шоирахон Мирабдуллоева, устоди кафедраи илмҳои гуманитарии Академияи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар бонувони фаъоли бахши мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварҳои Осиёи Миёна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири кишвар зимни баромади худ аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон ёдоварӣ намуда, гуфт:
“Масъалаи рушди бонувон ва ҷалби занону духтарон ҳамчун ҷузъи фаъоли ҷомеа ба соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби занони шуҷоъ ва болаёқат зиёд намудани ҳайъати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дигар мақомотҳои давлатӣ, пешгирии табъиз ва хушунату зӯроварӣ нисбат ба зан ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии зан-модар ҳамеша дар мадди назари сарвари давлат қарор дорад. Президенти мамлакат ҳамчун сипари боэътимод аз бонувон пуштибонӣ намуда, заҳмати занону духтарони ҷасуре, ки дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа кор карда, содиқона ба халқу Ватан хизмат мекунанд, аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад...”

Хуллас, форуми нахустини минтақавии бонувони сохторҳои қудратӣ таҳти унвони “Нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаи Осиёи Марказӣ” майдони фарохеро барои табодули назар ва таҷриба ба вуҷуд оварда, ба вусъат ёфтани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳкими нақши бонувон дар сохторҳои қудратӣ ба вуҷуд меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД