formula
Аввалин мактаби олии занонаро кӣ ташкил кард?
17.06.2023
ОИЛА
446

Эмма Уиллард дар ИМА нахустин мактаберо кушодааст, ки занонро соҳиби маълумоти олӣ мегардонад.

Вақте ки Эмма по ба остонаи мактаб ниҳод, 15-сола буд. Дар 17-солагӣ омӯзгори ҳамин мактаб шуд. Духтарак дар мактаб барои писарону духтарон барномаҳои таълимӣ тайёр мекард. Ҳангоми тайёр кардани барномаҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки дар байни онҳо фарқ камтар бошад.

Эмма исбот кардан мехост, ки духтарон ҳам тавони омӯхтани илмҳои дақиқро доранд. Ба ин мақсад, ӯ дар хонаи худ семинария ташкил кард.

Дертар вай аз Легислатура (мақомоти қонунгузории дупалатагӣ)-и штати Нюйорк дархост намуд, ки ба таълими занона маблағгузорӣ кунад. Вале мансабдорон ӯро дастгирӣ накарданд. Танҳо губернатори штат ба истиқболи ӯ баромад.

Ҳамин тавр, ӯ муваффақ гардид, ки соли 1821 дар ИМА дари нахустин семинарияи занонаро, ки дар он ҷо онҳо маълумоти олӣ гирифта метавонистанд, кушояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД