Аз арҷгузории ҳамватанон то эътироф дар арсаи байналмилалӣ
40

Табиист, ки масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсул дар баробари аз ҷониби аҳли ҷомеа эътирофу арҷгузорӣ шудан, аз тарафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии марбута низ қадрдонӣ мегардад. Кормандони IRS ифтихормандаднд, ки дар ин самт низ дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш доранд.

Ҷоизаҳои IRS хеле зиёданд, вале мо мехоҳем мухтасар дар бораи яке аз онҳо – «Ситораи байналмилалии сифат» маълумот диҳем. Ҳамасола дар шаҳри Женева маросими супоридани ин ҷоизаи бонуфуз баргузор гардида, аз лиҳози моҳият чорабинии фавқуззикрро, ки аз соли 1999 инҷониб доир мегардад, ба маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» шабеҳ медонанд. Фарқият танҳо дар он зоҳир мегардад, ки ғолибони чорабинии аввал ҳунармандон буда, дар чорабинии «Ситораи байналмилалии сифат» доираҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ арҷгузорӣ мешаванд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин чорабинӣ аз шумори чорабиниҳои бошукӯҳ ва бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он афкори намояндагони 74 мамлакати олам ба инобат гирифта мешавад. Яъне, ғолибони ин маросим зимни таҳлили амиқу доманадор бо фарогирии назари hавшанфикрони 74 давлати пешрафтаи олам муайян карда мешаванд. Хурсандиовар аст, ки аз миёни довталабони зиёд вобаста ба ҷорӣ намудани навовариҳо дар раванди фаъолият ва шурӯъ намудани марҳилаи сифатан нави пешрафт филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори «Ситораи байналмилалии сифат» гардида, он дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти филиали Ширкат супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи зикршуда аз ҷамъи ҷоизаҳои филиали Ширкат «муште аз хирвор» ва «қатрае аз баҳр» буда, далели бебаҳси он аст, ки филиали Ширкат муттасил рушду такомул ёфта, эътибораш дар арсаи байналмилалӣ низ тамоюли болоравиро касб намудааст. Дар маҷмӯъ, эътироф гардидани филиали Ширкат дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодати эътимод ба дурнамои неки он аст. Дар ҷаҳони муосир роҳандозии равобити барои тарафайн судманд бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ омили асосии дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани дилхоҳ ширкат маҳсуб ёфта, ҳамзамон замина ва шароит фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам ва технологияи нав дар раванди фаъолият ҷорӣ гарданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки на ба ҳама ширкатҳо имкон даст медиҳад, ки шомили ассосиатсия ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият, мавҷудияти ҳайати кормандони болаёқат ва заминаи мустаҳками моддӣ – техникӣ ба он асос шуда метавонанд. Ассотсиатсияи байналмилалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои пулакӣ (IBTTA) иттиҳодияи ҷаҳонии операторони механизми толлингӣ ва соҳаҳои марбута мебошад. Рисолати ниҳоди фавқуззикр фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули донишҳо ва ғояҳои нав дар самти пешрафту беҳтар намудани хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи нақлиёт маҳсуб меёбад. Ба ҳам овардани ашхоси фаъол ва масъул ҷиҳати ривоҷ бахшидани ҳамкориҳо ва вусъат додани табодули таҷриба аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ассотсиатсияи байналмилалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои пулакӣ (IBTTA) ба ҳисоб рафта, барои доир намудани муколамаи созанда ва пурмаҳсул оид ба рушди хизматрасонии пулакии нақлиётӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол боз узви ин ташкилоти бонуфуз буда, мунтазам дар чорабиниҳои баргузоркунандаи он иштироки фаъол дорад. Гуфтан бамаврид аст, ки дафтари асосии IBTTA дар шаҳри Вашингтон ҷойгир буда, он дар 25 кишвари шаш қитъаи олам садҳо аъзоро аз шумори ширкатҳои бонуфузу муваффақ муттаҳид намудааст. Бидуни шубҳа ва муболиға метавон гуфт, ки аъзои IBTTA аз пешсафони бахши технологияи инноватсионӣ маҳсуб ёфта, дар самти сармоягузорӣ, таҳияи модел ва пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳ бо ёрии технологияи муосир таҷриба, имконот ва неруи зеҳнии фаъол доранд. IBTTA ҷиҳати муттаҳид сохтани шарикон дар соҳаи идоракунии пулакии роҳҳо, ки дар шароити кунунӣ хеле муҳим ва саривақтист, имкониятҳои зиёд ва беназирро дар ихтиёр дорад. Ассотсиатсия тамоми захираҳои мавҷударо барои гирд овардани масъулин дар вохӯриҳои солона, семинарҳо, конфронсҳои омӯзишӣ сафарбар менамояд. Таври мунтазам дар манотиқи гуногуни олам конфронсҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд, ки барои иштирокчиён аз ҳама ҷиҳат муфид аст.

Дастоварди дигар дар радифи ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз қабили Dogus Holding (Туркия), ICICI банк (Ҳиндустон), Kaspersky Lab (Россия), ширкати мошинбарории TATA (Ҳиндустон), ширкати ҳавонавардии «Полёт» (Россия), ширкати истеҳсоли алюминий «Alcoa» (ИМА) ва даҳҳо ширкатҳои соҳибнуфузи сазовори ҷоизаи World Quality Commitment шудани IRS аст. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар қатори ҷоизадорони World Quality Commitment дар категорияи «Тилло» Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор гирифт. Зимни супоридани ҷоиза ба директори филиали Ширкат таъкид гардид, ки IRS тими мутахассисони ҳирфаӣ буда, пайваста барои такмили малака ва ишғоли ҷойгоҳи арзанда мунтазам талош меварзанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан низ филиали Ширкат ба ҷоизаҳои «Шарики беҳтарин дар ИДМ», «Инноватсияи сол», «Шарики беҳтарин дар Тоҷикистон» ва ғайра сазовор дониста шуда буд. Илова бар ин, IRS барои татбиқи муваффақонаи механизми институтсионалию инноватсионии идоракунии инфрасохтори роҳҳои автомобилгард дар кишвари дорои иқтисодиёти дар ҳоли рушд бо «Гувоҳномаи эътироф»-и Ассотсиатсияи байналмилалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои автомобилгарди пулакӣ (IBTTA) қадр шудааст. Равобити Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ тавсеа ёфта, сазовори шаҳодатномаи «Шарики беҳтарин» гардидани он далели гуфтаи болост. Шаҳодатномаи мазкур аз тарафи Ширкати чинии HUBEI CHENGLI SPECIAL AUTIMOBILE CO., LTD ҳамчун намояндаи ваколатдори Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Халқии Хитой тақдим гардид. Лозим ба ёдоварист, ки шаҳодатномаи мазкур дараҷаи 3С дошта, ҳамасола барои ширкатҳои беҳтарини дунё, ки дар самти мушорикат ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, супорида мешавад.

Ҳамчунин, дар доираи Анҷумани V роҳдорони ИДМ ва баргузории Озмуни байналмилалии «Роҳҳои автомобилгарди ИДМ — 2022» бо истинод ба таҳлили амиқу доманадори мутахассисони варзидаи соҳаи роҳу нақлиёт ва масъулони Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинаи «Лоиҳаи сол» ғолибият ба даст овард.

Ба ғайр аз ин, директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров бо ҷоизаи Шурои ҳамоҳангсозони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ сарфароз гардид. Мутахассисони «IRS» низ аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ қадрдонӣ шуданд. Дастовардҳои мазкур идомаи мантиқии комёбиҳои қаблӣ маҳсуб шуда, мутмаинем, ки бардавом хоҳад буд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД