sebiston july new
Аз “Арӯси замонавӣ” то “Хушдоманҳо”
827

Аз “Арӯси замонавӣ” то “Хушдоманҳо”
Имрӯз яке аз ҳунармандони боистеъдоди саҳнаи театр ва кинои тоҷик, бонуи фариштарӯю фариштахӯй Зулфия Содиқова ҷашни милод дорад.

Ин зани сар то по ҳунар 23-январи соли 1968 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1985 ба шуъбаи ғоибонаи гурӯҳи коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст.

Соли 1987 Зулфия Содиқова аз имтиҳони махсус гузашта ҳамроҳи дигар ҷавонон аз Душанбе ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил мешавад.

Пас аз хатм ӯ ба шаҳри Душанбе баргашта дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад. Дертар ҳунарпешаи ҷавон ба театри драмавии русии ба номи В. Маяковский гузашта, шурӯъ аз соли 2000 якбора дар се театр, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият намудааст.

Нақши аваллинашро дар синамо Содиқова дар синни 39-солагӣ дар филми омӯзишии «Наво»-и Наргис Мамадбекова бозидааст. Ҳарчанд ба олами кино дер ворид гашта бошад ҳам,туфайли ҳунару маҳорати баландаш ӯ тавонист дар ин ҷода мавқеъи хоси худро пайдо намояд.

Актрисса дар филмҳои машҳури «Марде, ки бо барф меояд”, «Қиёми рӯз» ва «Муаллим»- и Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Арӯси замонавӣ», «Арӯси замонавӣ 2», «Домоди замонавӣ»-и Набиҷон Пирматов, «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов, «Хушдоманҳо ва ё ман на манам»-и Манзаралӣ Шералӣ нақшҳои ҷаззоб ва хотирмон бозидааст.

Дар маҷмӯъ, Зулфия Содиқова зиёда аз 70 нақшҳои гуногунро бозида, образҳои муассре офаридааст. Хизматҳои ин ҳунарманди боистеъдод бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Зулфия Содиқова оиладор ва модари 4 фарзанд мебошад.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи "Оила" актриссаи машҳур ва маҳбуб Зулфия Содиқоваро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта, барояш комёбиҳои нав ба нав ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД