arzon replenishment
Аз бангкашию майнӯшӣ то қарздорию муҳоҷират
17.12.2021
Зебо
4727

 

Ногуфтаҳои Меҳрубони Равшан

 

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрубони Равшан дар бораи мушкилот дар ҳаёти шахсӣ, дурӯягии дӯстон, қарздорию муҳоҷират нақл кард.

 

Чаро сароянда ба майнӯшӣ рӯй овард?

Меҳрубони Равшан дар барномаи "Ногуфтаҳо" мегӯяд, ки солҳои охир дар саҳнаҳои бузург кам ҳунарнамоӣ мекунад, ду моҳ пеш, 8 сентябр аз муҳоҷират баргаштааст. Ӯ вақте аз мушкилоти зиндагии худ қисса мекард, гуфт, ки дурӯягии дӯстонаш зиндагиашро ба "дӯзах" табдил доданд. Сароянда мегӯяд, бо айби дӯсташ ӯ манзили худро аз даст дод ва бехонавудар монду ба майнӯшӣ рӯ овард.

Ба суоли рӯзноманигор дар бораи шаробию бангӣ шудан, сароянда посухи кӯтоҳ дод: "ба нӯшидан дода шудам, аз бандааш чӣ баҷо мекунӣ, ба Аллоҳ ҳама чиз аён аст".

 

Қарздорӣ ва кӯмак аз мардум

Моҷарои дигаре, ки Меҳрубони Равшан бо он рӯ ба рӯ шуд, қарз аст. “Ба дӯстонам ҷамоҷамъ 60 ҳазор доллар қарз дода, дигар гирифта натавонистам.”-гуфт сароянда. Ин сабаб шуд, ки Меҳрубон аз бонк қарздор шавад. Ҳамин тавр, тақрибан 10 ҳазор доллар қарз гирифту барои пардохти он аз тариқи наворе дар "You tube" ба мухлисонаш муроҷиат кардааст.

“Ростӣ, ман аз бонк бори аввал маблағ гирифта будам ва бидуни ҳеҷ мушкил онро бозпас гардонидам. Вақте дубора қарзи бонкӣ гирифтам, дар ин ҳолат бо мушкил дучор шудам ва аз сабаби дар инҷо дар карантин монданам, натавонистам онро сари вақт баргардонам. Вале шукри Худованд ман онро баргардонидам ва ҳоло ҳеҷ мушкиле бо бонк надорам. Он шабу рӯзе, ки ман кӯмак хоста будам, воқеан мушкилам ҷиддӣ буд, қарзи бонк, садама, беморӣ ва гурези нафароне, ки аз ман қарздор буданду пуламро гирифта наметавонистам ва онҳо ба зангҳои пайдарпайи ман ҷавоб намедоданд»-мегӯяд, Меҳрубони Равшан.

Ба гуфтаи сароянда, дар ин кор ба ӯ ҳам мухлисон ва ҳам бархе аз сарояндагон кӯмак карданд. Ӯ ёрии як сарояндаи занро, ки ба гуфтаи Меҳрубон рафтори "мардона" дорад, махсус қайд кард, вале аз ӯ ном набурд.

"Ман аз ҳамаи мухлисон, муҳоҷирон, дӯстоне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва онҳое, ки ба ман кӯмак карданд, миннатдорам", - сипосгузорӣ кард сароянда.

“Ҳар касе, ки дасти хайр дошт, ба қадри имкон кӯмак кард. Ҳам муҳоҷирони корӣ, ҳам соҳибкороне, ки ин ҷо ҳастанд, ҳам дӯстону мухлисон дар Аврупову Амрико. Ҳатто буданд мухлисоне, ки аз зиндон истода, ба ман дасти кӯмакашон расид, ки ин корро бояд баръакс ман барои онҳо мекардам. Ман бо маблағҳои ҷамъшуда як миқдор маблағамро пардохтам, барои чизҳое, ки ниёз доштам, сарф кардам” – гуфта буд, қаблан Меҳрубон дар суҳбат.

Қазияи бозии бурднок

Мухлисони Меҳрубони Равшан ёд доранд, ки баъди ду ҳафтаи нашри видеои кӯмакхоҳияш аз мардум, бо як ролики таблиғотӣ муҳоҷирони корӣ дар Русияро барои ширкат дар як бозии бурдноки мошинҳо даъват кард. Ин навор сарусадои зиёдеро ба бор оварда буд. Бархе ҳам ин рафтори ӯро “авомфиребона” маънидод карданд, ки дониста муҳоҷирони кориро фиреб мекунад. Аз ҷумла, бархе гуфтанд Меҳрубони Равшан бо маблағи кӯмакҳое, ки мухлисону ҳаводоронаш карданд, чунин бозиро роҳандозӣ кардааст.

Вале Меҳрубон ин иддаоро рад карда гуфт, ки ба ин бозии бурднок рабте надорад.

“Ман барои мушкиле, ки доштам, аз афроди хайрхоҳ кӯмак талаб кардам ва одамон ҳам ба ман дасти ёрӣ дароз карданд, ки ман миннатдорам. Ҳатто инро дар як навори видеоӣ ҳам гуфтам. Мавзӯи мушкили шахсии ман дигар асту таблиғи бозии бурдноки мошинҳои чизи дигар. Як рӯз чанд нафар ҳамватанони мо, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба назди ман омада ва гуфтанд, ки як бозии бурди мошинҳоро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо аз ман хостанд, ки дар ин видеои таблиғотӣ иштирок кунам. Ман танҳо онро таблиғ кардам ва нисфи маблағи муайянеро ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтам. Ман ин ҷо на мошин гузоштам, на пул ва на созмондиҳандаи ин бозии бурднок ҳастам. Ҳоло бисёриҳо дар ин фикр ҳастанд, ки гӯё ман бо маблағи кӯмакҳое, ки онҳо бароям карданд, ин бозиро ташкил кардам. Агар ман ин корро карда бошам, он барои ману фарзандонам насиб накунад”.

Ҳақиқати тарки саҳна кардан

Меҳрубони Равшан сарояндаи машҳури чанд соли қабл аст. Сурудҳои ӯ вирди забонҳо мегашт ва ҳазорон мухлис рӯзгори ӯро ҳарисона пайгирӣ мекарданд. Вале даҳ соли баъд аз зиёрати хонаи Худо ӯ гуфт, ки қасд дорад саҳнаро тарк гуфта, рӯ ба таронаҳои мазҳабӣ меорад.

Вале дар яке аз суҳбатҳои ахираш сароянда чунин мегӯяд:

“Ман ҳеҷ вақт ин гапро нагуфтам, ки тарки саҳна кардам, ман танҳо гуфта будам, ки андак-андак аз ин роҳ канор меравам. Албатта дар ислом саҳнае, ки рақсу бозии марду зан якҷоя аст, нодуруст мебошад, инро медонам. Ман гуфтам будам, ки вақте ба тиҷорат машғул мешавам, ба оҳистагӣ аз ин кор даст мекашам ва шояд ин рӯзҳо ҳоло нарасидааст. Инро ҳам баъзеҳо ба фоидаи худ истифода карда буданд”.

 

Сарояндаи муҳоҷирон

Меҳрубони Равшан дар мусоҳибаи ахираш мегӯяд, ки дар Русия дар тӯю маъракаҳои мардуми тоҷик дар шаҳрҳои гуногун, аз Маскаву Санкт-Петербруг то Оренбург хидмат мекунад.

Вале он ҷо ҳам фоҷеае ба сараш омада. Дар роҳи бозгашт аз Оренбург сароянда бо ҳамроҳонаш ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавад ва дасти росташ сахт ҷароҳат мебардорад. Сароянда мегӯяд, ҳоло ҳамин дасташ хуб рост намешавад.

Феълан сарояндаи тоҷик соҳиби манзил аст, ки мегӯяд, як дӯсташ ба ӯ ҳадя кардааст. Аз шаробу май рӯ гардонидааст ва ба намозу саҷда рӯ овардааст.

Ӯ дар ҳоли эҷоди сурудҳои нав аст ва ният дорад, дубора ба қатори сарояндагони дигар ворид шаваду дар саҳнаҳои бузурги кишвар ҳунарнамоӣ кунад.

Меҳрубони Равшан соҳиби чор фарзанд, ду духтару ду писар мебошад. Духтари бузургаш хонадор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД