Arzon march 2024
Аз истеъфои сармураббӣ то қатъи шартнома бо бозингарон
1034

Бошгоҳи футболи “Регар ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо шаш футболбозаш шартномаи ҳамкории худро қатъ кардааст. Дар ин бора масъулини даста дар Фейсбук иттилоъ доданд.

Ба навиштаи ин тим, бо ризоияти тарафайн қарордоди ҳамкорӣ бо шаш футболбоз Абдухалил Боронов, Пайзов Расул, Сангов Шоҳрух, Эргашев Доробҷон, Ораш Акбари Шелдори ва Бобомуродов Акбар қатъ карда шуд.

Бошгоҳ ба онҳо барои бозиашон дар ҳайати даста самимона ташаккур гуфта, дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақият орзу кардааст.

Бояд гуфт, ки муҳлати шартномаи ҳамаи ин бозигарон 31-юми декабри имсол буда, он пеш аз муҳлат қатъ шуд. То ин замон Абдухалил Боронов (соли таваллудаш 17 ноябри 1989) таҳти рақами 9 ҳамчун ҳамлагари марказӣ бозӣ мекард.

Инчунин, Расул Пайзов (соли таваллудаш 16 феврали 1992) таҳти рақами 7 чун нимҳимоятгар; Шоҳрух Сангов (соли таваллудаш 31 октябри 2002), таҳти рақами 5 ба ҳайси ҳимоятгари қисми рост; Доробҷон Эргашев (соли таваллудаш 14 декабри 1997) таҳти рақами 4 чун ҳимоятгари марказӣ; Акбар Бобомуродов (соли таваллудаш 21 октябри 1996) таҳти рақами 22 чун ҳимоятгари канори чап ва Ораш Акбари Шелдори (шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли таваллудаш 15 декабри 1990) бо рақами 31 чун нимҳимоятгари марказӣ бозӣ мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳе қабл сармураббии ин даста Алиёр Ашӯрмамадов пас аз даври 11-уми Лигаи Олӣ барои бо натиҷаи 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикаст дар поёни ҷадвали мусобиқот маскан гирифтани тимаш аз мақом истеъфо дод. Баъди ин, роҳбарии тимро Фарҳод Холбеков, ки қаблан ёвари сармураббӣ буд, муваққатан бар уҳда гирифт.

Бояд гуфт, ки бошгоҳи мазкур соли 1975 дар баробари ба кор даромадани Заводи алюминии Точикистон аз ҳисоби коргарони ин коргоҳ бо номи «Металлург» ташкил ёфт. Замони соҳибистиқлолӣ он номи “Регар-ТадАЗ”-ро гирифт. Даста то имрӯз қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон, ғолиби 6-каратаи Ҷоми Тоҷикистон, барандаи 2-каратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Дар арсаи байналмилалӣ он барандаи 3-каратаи Ҷоми раиси AFC – буда, аввалин бошгоҳи Тоҷикистон аст, ки Ҷоми Осиёро ба даст овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД