arzon replenishment
Аз марди ҷоҳил метарсам
2733

 

Шояд аксари занҳо аз набудану дурии шавҳарҳояшон ғамгин шаванд, аммо ман чунин нестам. Як ҳафта қабл шавҳарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту чунон хурсанд шудам, ки тасвир карданаш номумкин аст. Шояд гумон кунед, ки хеле ҳамсари бемеҳр ва сангдил ҳастам, аммо агар аз кору кирдори шавҳарам каме нақл кунам, фикратонро дигар хоҳед кард. Шавҳари ман дар вуҷудаш ягон зарра раҳми инсонӣ надорад, пайваста маро зери мушту лагад гирифта, зиндагиамро ба зиндон мубаддал кардааст. Бо вуҷуди он ки барои ман ва фарзандонаш ягон шароити зиндагиро муҳайё накардааст, маро дар хона ба ҳоли худам намегузошт. Се фарзандамро бо кӯмаки модараму апаҳоям ба воя расонида, аробаи зиндагиро базӯр пеш мебарем. Барои шавҳарам аз пулҳои модарам чипта харида, ба Русия равон кардем, то ки ризқу рӯзиамонро пайдо намуда, аз пайи пеш бурдани зиндагӣ шавад. Аммо муддати чор моҳ мешавад, ки ба хона ягон тин равон накардааст. Дирӯз хабар ёфтем, ки шавҳарам қарз карда, чипта харидааст ва нияти баргаштанро дорад. Ману фарзандонам аз шунидани ин хабар ба ваҳм афтодаем. Акнун аҳволи мо чӣ мешуда бошад, намедонам. Ба ҳафтанома нома навишта, фаҳмидан мехоҳам, ки оё дар дунё ягон нафар ба мисли ман зиндагӣ мекарда бошад? Магар шавҳар бояд бо зани худ чунин муносибат намояд?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД