formula
Аз мушкилии интернет то терминалҳои пулгузаронӣ
465

Дар порлумони кишвар сифати интернетро бо иштироки Илҳом Атоев, ноиби роҳбари Хадамоти алоқа баррасӣ карданд.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи нави қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар порлумон вакилон нисбат ба сифати интернет ва хизматрасонии терминалҳои пулгузаронию мушовирони марказҳои тамоси ширкатҳои мобилӣ интиқод шудааст.

Аз ҷумла, Гавҳар Шарофзода, вакили порлумон аз он нигаронӣ кард, ки суръати интернет дар маркази шаҳр бисёр паст аст ва ин барои онҳое, ки аз хориҷ мехоҳанд бо наздиконашон дар Тоҷикистон тариқи интернет суҳбат кунанд, мушкил эҷод мекунад.

Инчунин, хонед:

ЗАНУ СЕ ФАРЗАНДАШРО НАҶОТ ДОДУ...

Илҳом Атоев дар посух гуфт, дар се моҳи ахир онҳо як ситоде таъсис дода, суръати интернетро ба 100 гигабайт расонидаанд, ки ин дар қиёс ба гузашта беҳтар аст. Барои беҳтар шудани суръати интернет дар шаҳри Душанбе 42 дастгоҳи нав насб шудааст.

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили дигар, ба Илҳом Атоев гуфтааст, мо ҳукумати электронӣ мегӯем, аммо банкоматҳо дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. “Рӯ ба офтоб насб шуда, кор кардан дар онҳо душвор аст. Сабаб дар чист? Дувум, ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад. Чаро?”, - пурсидааст ӯ.

«Мо кӯшиш мекунем бо Бонки миллӣ ва дигар мақомоти марбута дар масъалаи банкоматҳо ҳамкорӣ намуда, мушкилотро бартараф намоем. Масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст ва мо иловатан дар назди Хадамоти алоқа маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис додем. Ин масъаларо боз баррасӣ хоҳем кард», - посух дод Алиев.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД