Gazprom july 2025
Зани тоҷик акаамро бехонумон кард… (ҚИСМИ 1)
1401

Бойбачаҳо

Аҷдодони мо ҳама пизишканду дар Афғонистон обрӯю эътибор доранд. Ману писари амакам Ҳобил низ ин пешаи аҷдодиро интихоб намуда, солҳои ҳаштодуми асри пор дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридем. Дониши хуб, ки доштем, донишҷӯ гаштему зуд ба Душанбеи нозанин дил бохтем. Он вақтҳо либосвориҳои ялаққосию ороишоти занона дар Тоҷикистон кампайдо буду мо ҳар гоҳи ба ватан рафтан ашёи барои духтарон заруриро меовардему болояш маблағ монда савдо мекардем, аз ин ҳисоб зиндагии хубе доштем. Табиист, ки аз ҳисоби духтарони зебоидӯстдор шиносҳои зиёде доштему фармоиш мегирифтем. Духтарони ба мо изҳори ишқ мекарда низ зиёд буданд, аммо мо андоза нигоҳ медоштем, зеро ҳар ду дар ватанамон номзад доштем. Байни мо афғонҳо як расме роиҷ аст, ки аз хурдӣ барои духтарон ва писаронашон аз байни хешовандон номзад интихоб мекунанд. Ман духтари холаам Бришноро дӯст медоштаму шабу рӯзамро ба ёди ӯ саҳар мекардам, аммо Ҳобил Наҷмия - духтари амакамро аз хотир бурда, ошиқи шайдои тоҷикдухтаре бо исми Зумайро гашт...

Духтари раис

Зумайро духтари қоматбаланди зебое буд, аз рӯйи нақлҳо, либоспӯшӣ ва пулдорияш маълум буд, ки аз оилаи оддӣ нест. Баъдҳо аз худи ӯ фаҳмидем, ки падарашу бародаронаш мансабҳои баланд доранд. Он вақтҳо муносибати духтари тоҷик бо афғонписар мушкили зиёде дошт, вале Ҳобил садҳо бор аз ҳамшаҳриёни Зумайро шатта хӯрда бошад ҳам, сар медоду домани дӯстдоштаашро аз даст не…

Мо донишгоҳро хатм кардему дар Тоҷикистон ҷанг сар шуд, бародарони Зумайро ҳамаашон қумандон шуданд ва нияти хонадоршавии хоҳарашонро бо марди афғон шунида, қариб ҳардуяшонро мепарронданд. Аммо падарашон гиряву зории Зумайроро дида, ба онҳо фотеҳаи нек дод. Чун Ҳобил занашро гирифта ба Афғонистон рафт, ҳама хешовандон исён бардоштанд, вале Ҳобил хонаи алоҳида гирифта, аз хешу табораш буриду аз Зумайро не…

Ҳобилу Зумайро панҷ сол дар Афғонистон зиндагӣ карданд, ҳар ду аз рӯйи касби худ кор карда, зиндагии шоиста доштанд, аммо фарзанддор нашуданд. Ба ҳамин хотир баъди тинҷ шудани Тоҷикистон Ҳобилу занаш ин ҷо омаданд. Зумайро баъди табобат якбора соҳиби дугоник - ду духтарак гашт, вале дигар ба Афғонистон баргаштан нахост. Ҳобил, ки ӯро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, дигар илоҷ надошт. Дӯстонамон аз Канадаю Олмон занг зада, моро барои кор даъват мекарданд, вале Зумайро аз ватанаш ҷойи дигар рафтан намехост. Ҳобил низ ба тақдираш тан дода, бо ёрии бародарони занаш шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта, ин ҷо тиҷорати худро кушод. Ӯ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он дорухонаҳо кушода, ба кор шуруъ кард. Зумайро бошад, ба номаш кор мекард. Мо ҳамсабақу дӯст будем ва гоҳе аз ӯ мепурсидам, ки чӣ зарурият аст ба кор кардани ту? Бо ханда мегуфт, ки ба хотири нишон додани сарулибос ва ороишотам меравам...

(Давом дорад)

МЕҲРДОД,

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД