sebiston july new
Аз рӯзгори ибратбахши зане, ки 14 фарзанд таваллуд кардааст
1042

Дар ҳар иду ҷашн манзили Шаҳодат Зоироваи 93-сола серодам мешавад. Фарзандону пайвандон ва набераву абераву чаберагон бо дастовезу армуғонҳои гуногун ба аёдати ин зани табаррук меоянд. Хоса 8-уми март 11 нафар фарзандон бо тӯҳфаҳои дилписанд ва гулҳои зебову пурнакҳат модари азизу муқаддасашонро бо "Рӯзи модар" табрик мекунанд.
Хабарнигорамон Абдуғаффор Шодиев низ дар "Рӯзи модар" ба дидорбинии Шаҳодатбибӣ рафт, то аз рӯзгори ин модари хуштолеъ, ки қаҳрамонмодар асту умри дарозу пурбаракат дорад ба хонандагони азизи сомонаи "Оила.тҷ" қисса намояд.

Хушбахттарин зан
Ҳамагон Шаҳодат Зоироваро дар Истаравшан хушбахттарин зан медонанд, зеро 11 фарзандро бо номи нек ба воя расонида, соҳиби касбу ҳунар ва хонаву дар карда, имрӯзҳо дар ҳалқаи набераву абера хушбахтона умр ба сар мебарад.
"Аслан 14 фарзанд таваллуд кардаам, вале 3 нафари онҳо бо амри тақдир, дар хурдсолиашон ба Ҳақ пайвастаанд. Хушбахтона 8 духтару 3 писарам дар ҳаётанду соҳиби набераву абераҳо гардидаанд. Ростӣ, аз дидани набераву абераҳои фарзандонам курта-курта гӯшт мегираму Худоро шукр мегӯям, ки ба чунин рӯзҳо расидам. Албатта, дидани се насли дигар баъди фарзандон ин саодати инсон аст,"-мегӯяд қаҳрамони мо.
Ин модари мушфиқу меҳрубону ғамгусор, фарзандонашро бо номи нек ба воя расонидааст. Имрӯз онҳо дар хизмати халқу Ватан ва давлату миллат камар бастаанд. Яке аз онҳо шоираи шинохтаи тоҷик, раиси бахши Истаравшании Иттифоқи нависандагон ва сардабири нашрияи "Ганҷи ороста" Раънои Зоирдухт мебошад.

Аз тоқиву зардӯзӣ то ҷомаву гулдӯзӣ
Шаҳодат-бибӣ қариб 80-соли умри пурборашро сарфи ҳунармандӣ карда, бо нӯги сӯзани сеҳрангезаш зиндагии оилавиашро пеш бурдааст. Ин зани панҷ панҷааш ҳунар дар баробари гулдӯзию зардӯзӣ тоқию ҷома низ медӯзад. Ба гуфти қаҳрамонамон дар вақтҳои ба тоқидӯзӣ машғул буданаш дар як рӯз ҳамроҳи фарзандонаш 10-15 тоқӣ омода мекардааст.

"Бо духтарону писаронам ҳамеша аз пайи омода кардани тоқӣ мешудем. Яке пилта мекарду дигари тепчӣ (лаганда) севвумӣ бошад аз пайи ширеш кардани матоъ бо картон буд. Хуллас, мисли як коргоҳ ҳама вазифаи худро дошт. Дар як рӯз то 15 тоқӣ тайёр мекардем. Ба тоқиҳои мо аз Душанбе ва Самарқанду Бухоро муштариён меомаданд. Аз ҳалқаи фарзандонам, аз хушвақтию хушбахтиашон сариҳол мегаштам,"-бо хушҳолӣ ва лабони пур аз табассум ба ёд меорад бибӣ Шаҳодат.

Назар ба гуфти қаҳрамонамон, тоқидӯзӣ шуғли асосиаш буда, бо зардӯзиву гулдӯзӣ ва ҷомадӯзӣ гоҳ-гоҳ машғул мешуд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар зиндагӣ дар ҳама кор дастгириву мадади шавҳараш беандоза буд.
Имрӯзҳо касби Шаҳодатбибиро келини хурдиаш мерос гирифта, чанд вақт мешавад, ки ба омода кардани тоқии миллии тоҷикӣ машғул аст. Шаҳодатбибӣ роҳу равишу тоқитайёркуниро ба келинаш меомӯзаду гоҳ-гоҳ ҳамроҳи ӯ тоқӣ омода мекунад.

Панди модари рӯзгордида
Шаҳодат Зоирова чун зани рӯзгордидаи модари 11 фарзанд, 3 келин ва 8 домод ба модарони ҷавон ва хушдоманҳову келинҳо дар боби рӯзгордорӣ чанд маслиҳат дод.
"Модар бояд нисбат ба фарзандаш меҳрубону дилсӯз бошад, вале сахтгиру боқатъият. Тарзи тарбияи падару модарони ҷавонро дида дар ҳайрат мемонам. Фарзандонашонро бисёр эрка мекунанд. Гумон мекунед, ки фарзандони мо фарзанд набуданд. Мо ягонтаашонро эрка ва ё тарафгирӣ намекардем. Фарзанди зиёд ҳам аз решаи ҷони модар ба дунё меояд. Якеаш бемору роҳгуму беодоб бошад, мағзи ҷони модар месӯзад. Дар мо як тартиби муаяни тарбия буд. Кӯдаконам соати муайяни бозӣ доштанду соати ба корҳои ман кӯмак кардан ва соати дарстайёркунӣ... Фарзандон ба гуфтаи падару модар гӯш мекарданд. Ҳозир, агар мисли ман 11 нафар фарзанд дошта бошанду ин тарзи тарбия бошад, девона мешаванд,- бо завқ хандида мегӯяд бибӣ Шаҳодат ва хандида меафзояд:-Рост не бачам?

Духтаронамро аз 10- солагӣ ба оиладорӣ тайёр мекардам.

"Ман духтаронамро аз синни 10 солагӣ ба оилаву рӯзгордорӣ омода мекардам. Ҳоло ҳамаашон пайи оилаву фарзанду набераҳояшонанд. Кам ё зиёд қаноат кардаанду ҳар чӣ ки аз ман омӯхтанд, дар ҳаёт татбиқ карданд. Аз аввал духтари аз оилааш гап меовардаро бад медидам. Духтаронам гоҳо норозигӣ кунанд, дарҳол ба даҳонашон мезадам. Таъкид мекардам, ки хабари хонаатро набиёр, то рахна ба оиладорӣ пайдо нашавад,"-мегӯяд ин бибии фариштахислат.

Шукри истиқлол ва сулҳу салоҳи давлат
Ин модари 93-сола мегӯяд, мо бояд аз ин Ватани биҳиштосо, ки субҳаш ба салоҳу шомаш ба сулҳ оғоз меёбад, шукрона кунем, зеро дар ягон давру замон чунин оромиву ободӣ, сериву пурӣ ва хушҳоливу хушрӯзӣ набуд.

"Ҳазорон шукр, ки имрӯзҳо дар чунин Ватан зиндагӣ дорем. Мо солҳои вазнинро аз сар гузаронидаем. Рӯзҳое буданд, ки мардум таги сурфаро тарошида гарди ордро мегирифтанду истеъмол мекарданд. Шукр, ки имрӯзҳо хонаву хони мардум пур аз нону орду гандум аст. ,"-гуфт ин модари куҳансол.

Шаҳодат Зоироваро бештар дили поку меҳрубон ва суханҳои ширину намакинаш маҳбуби мардум гардонидааст. Аксарият ӯро васфу ситоиш карда мегӯянд: Шаҳодатбибӣ, "ҷони одам аст!" Ҳамдиёронаш дар ҳар кор аз ӯ дуо мегиранду бо маслиҳату машвараташ кор мекунанд.

Мо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, Шаҳодатбибӣ ва дар симои ин зани фариштахисол тамоми модарону бонувони азизро бо Рӯзи модар табрик мекунем. Бигзор модарон бо нуру гармии худ зиндагии моро равшаниву гармӣ бубахшанд. Ид муборак модарону бонувони азиз!

Арзад ба ҳар ду дунё як ҳарфи номи модар,
Баъди Худову Қуръон бошад мақоми модар.
Гар шоҳаму вазирам, султону ё амирам,
Дунё ба даст гирам, ҳастам ғуломи модар.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД