formula
Аз таърихи ба муомилот баровардани пули миллӣ - сомонӣ 23 сол сипарӣ шуд.
1833

30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – “сомонӣ”, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.

Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудааст. Унсурҳои ҳимоявии пули “сомонӣ” тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром гузоштан ба он эҳтироми миллату давлат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон - Сомониён ба гардиш оғоз кард.

Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштан бесабаб нест, зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ на фақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландеро доро буданд.

Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ, пеш аз ҳама, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содироти мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронидааст: Ислоҳоти пулии якум бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 10 майи соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - рубли тоҷикии барориши соли 1994 бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуда, дар низоми бонкии мамлакат марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин ислоҳоти пулӣ дорои нишонаи муҳими давлатдорӣ - пули миллӣ гашта, ниҳоят низоми ягона ва мустақили пулиро ташкил намуд.

Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад.

Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар”, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани пули нави миллӣ – “сомонӣ” заминаи зарурӣ фароҳам орад.

Бо назардошти муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати гузаронидани ислоҳоти дуюми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат Гурӯҳи корӣ барои ба муомилот баровардани пули миллӣ ташкил дода шуд, ки ба он худи Сарвари давлат роҳбарӣ мекард. Бо мақсади сари вақт чоп намудани пулҳои миллӣ соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон барои чоп намудани пули миллӣ бо корхонаи “Giesecke & Devrient GmBx” (Олмон) шартнома ба имзо расонд.

Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ва бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.

Аз таърихи 10 сентябри соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии давраи ташаккули шабакаи бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии пулӣ буда, дар китоби рушду такомул ва вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи муҳими таърихӣ дарҷ гардидааст.

Бояд гуфт, ки пули миллӣ бойгарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодона, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД