formula
Аждаҳозан Қисми 2
11.07.2022
Дилошуб
1310
no-img

 

 Ниқоби фитода

Ориф Назар каме нӯшида буд ва ба ронандааш гуфт, ки зери бино мунтазири супориш бишин, агар гашта биёям, хона мебарӣ, агар шаб монам, зангат мезанам, рафтан гир.

Рӯзҳои аввали ба хонаи нав кӯчиданаш Нозанин як калиди хонаашро ба Анӯша дода буд ва Ориф онро гирифта, барои худаш калид сохт. Писараш умуман ба зиндагии падару модараш дахолат намекард, аммо Анӯша бисёр мехост то волидонаш ба ҳам оянд.
Ориф Назар аз зинаҳо боло шуда, пеши дари хонаи шинос расид, ин бори дуввум буд, ки мард ин ҷо меомад. Бори аввал вақте омада буд, ки Нозанин сахт бемор шуда буд ва Анӯша аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро ба хабаргирии модараш бубарад.

Аз пушти дар бӯйи сабуки сигор ба димоғ мерасид, Ориф худ ба худ гуфт:
-Шароб нӯшиданашро медонистам, аммо сигорӣ шуда бошад?
Мард бо як сабки табииӣ дарро кушод ва вориди хона шуд, ҳавои хона вазнину олуда бо бӯйи сигору шаробу равғану мева буд, ӯ чароғи даҳлезро фурӯзон карда, ба ошхона гузашт. Марде дар нармкурсии кунҷи миз нишаста, сигор дуд медод, ӯ хеле ҷавон, тахминан ҳамсину соли писарашон буд, хун ба сари Ориф Назар заду пиёлаеро бардошта, сӯйи ӯ ҳаво дод. Ҳамин вақт аз ҳаммом Нозанин баромад ва ӯро дида, аз ҳайрат шах шуд.

Ориф Назар ба рӯйи аз зарби уколҳои ҷавонкунанда шахшуда ва чашмони берӯҳи ӯ туф карда, аз хона берун шуд ва баъди ҳамин дигар рӯйи ин палидро надид. Баъдҳо мешунид, ки ӯ бо мардҳои аз худаш ҷавон, ҳамсинну соли писараш муносибат дорад, вале худро ношунида меангошт.

Ба хотири надидани рӯйи ҳароми ин кӯрнамак, ҳатто ба суд нарафт, онҳо расмӣ ҷудо шуданд, дар шоҳидии фарзандонаш талоқашро низ дод ва зани нав гирифт. Ҳамсараш аз Ориф понздаҳ сол хурд буд ва хеле оқилаву дурандеш, ӯ дили шикаставу пора-пора аз хиёнати ҳамсари дӯстдоштааш хунгаштаи мардро бо меҳру муҳаббату дӯстдорӣ малҳам шуд.

Муносибаташ бо фарзандону набераҳои ӯ дар сатҳи олӣ буданд, Худованд ба онҳо як писарки зебо ҳам ҳадя намуд, Ориф дар заиндагӣ аз чизе камбудӣ надошт, аммо Нозанин…

Подоши амал
Нозанин бахт надид, пир шуду бозораш ҳам касод шуд, аммо ӯ одаме набуд, ки ба ин тан диҳад. Дар ин миён духтарашон бебахт шуд, Ориф гумон дошт, ки бадбахтии Анӯшаи нозанин модарашро ба таҳаммул водор мекунад, аммо не..
Нозанин дар ба дари табибҳои косметолог мегашту аз пайи барқарор кардани ҷавонии рафтааш буд. Аз дасти бисёр кашидани пӯсти рӯяш гарданаш ба пӯстлохи дарахт монанд шуда буд, дар рӯяш нури илоҳӣ набуд. Акнун ӯ ҳар куҷо худро зани Ориф Назар мегуфт ва аз фамилияи машҳури ҳамсараш истифода мебурд. Касоне, ки аз таърихи зиндагии ӯ огоҳ буданд, аз бало ҳазар гӯён, аз пеши роҳаш мегурехтанд. Ин зан акнун ба каждуме шабоҳат дошт, ки ҳар касе аз пешаш барояд неш мезад, ҳама дӯстонаш аз рӯйи ин одаташ ӯро зуд ё дер тарк мекарданд. Акнун кампираки пучала, ки ба анори шарбаташ фишурдае монандӣ дошт, ба ҷавонон пул дода, бо онҳо дӯстӣ мекард. Нишастҳои ҳангомадор бо мардонро дӯст медошт ва яке аз чунин нишастҳо сарашро хӯрд.
Вақтҳои охир дилаш бемор буд ва духтурон ба ӯ нӯшидани машруботу кашидани сигорро манъ карданд, аммо дар нишасти охирин хатти қирмизиро убур карда, дар ҳолати вазнин ба беморхона афтид…
Ориф Назар аз мошинаш фаромада, гиребони палтояшро бардошт, зеро барф чапу рӯ мезад. Чун вориди бинои беморхона гашт, ӯро бо эҳтиром пешвоз гирифтанду гуфтанд, ки ҳамсаратон аз олам гузашт. Ориф Назар пичиррос зад, “ҳамсари собиқам, модари фарзандонам, мо даҳ сол боз бо ҳам зиндагӣ надорем, ҳатто аз ин ҳам зиёд…”
-Ман медонам,- гуфт духтури шиносаш ва илова кард,- Анӯша занг зада гуфтааст, ки модарамро наҷот диҳед, инҳо барои ҳамин…
Ориф Назар ба палатае даромад, ки ҷасади Нозанин он ҷо буд, ӯ рӯяшро боз кард, чеҳрааш каб-кабуд ва аз бинӣ ва кунҷи лабаш хун мешорид, хуни сиёҳи ғафс. Аз ҷасад бӯйи бади тамоку, шароб ва равғану боз ким-чӣҳои дигар меомад, ҳамон бӯе, ки даҳ сол қабл, шаб, дар хонаи Нозанин ба димоғаш зада буд. Шояд бӯйи хиёнат… Мард бо нафрат рӯйи ҷасадро пӯшонид ва зери лаб гуфт:
-Хас каму ҷаҳон пок!

Азиз ХАмкори нав, [06.07.2022 17:20]
Аждаҳозан
Ориф Назарро нимашабӣ зангҳои пай дар пайи телефонаш аз хоб бедор карданд, профессор рӯйи тоблуи телефон рақамҳои духтурашро дида, хоб аз дидаҳояш парид, дилаш ларзид… Анӯша бо ду фарзанди ноболиғ танҳо зиндагӣ мекард, шавҳараш дар садамаи автомобилӣ фавтида, зани нозанинашро ғамдору сияпӯш намуда буд. Дили падар дар сина чун кабӯтари бадом афтода пар-пар мезад, Анӯша бо гиря гуфт:
-Дадаҷон аҳволи модарам бад аст, ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ бурданд. Ориф Назар нафаси осуда кашид, хайрият Анӯшаву фарзандаконаш тинҷ будаанд…
Аввал нахост аз ҷойгаҳи гармаш дар ин нимашабии сарди зимистон, ки тарбарф пасу пеш мезад, хезад, вале ҳамсараш ӯро ба зӯр аз ҷояш хезонд:
-Хез мардак, ба хотири фарзандонат, хез…
Ориф Назар аз ҳавлияш, ки дар як канори ороми шаҳр воқеъ буд, ба беморхона роҳ пеш гирифт, мошинашро дар роҳи яхбаста бо эҳтиёт меронд ва зиндагияш чун навори кино пеши назараш ҷилвагар мешуд…

Ҷавони донишманд
Ориф дар оилаи камбағал, дар яке аз ноҳияҳои дурдасти сарҳадӣ ба дунё омада, ба воя расид.Падару модараш даҳ фарзандро бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба воя расониданд. Ориф- писари калонии онҳо хеле зираку доно буд ва мактабро бо медали тилло хатм намуда, шомили Донишгоҳи тиббӣ шуд. Он солҳо ҷавонон танҳо тариқи дониш ва хеле кам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешуданд. Ориф ҷавони дидадаро ва боақлу тамизе буду зуд дар қалби устодони донишгоҳ низ ҷо гирифт. Худро ба тамоми кор мезад то пул кор кунаду муҳтоҷи касе набошад. Солҳои шӯравӣ донишҷӯ метавонист бо идрорпулӣ як моҳ зиндагӣ кунад, аммо Ориф ҷавони устухонаш бо меҳнати деҳқонӣ шахшуда бекор истода наметавонист. Дар курси дуюм аллакай бо кӯмаки як устодаш баъди дарс дар як беморхона кор мекард, санитар буд. Падари деҳқонаш чанд бор ба хабаргирияш омада, барояш каме маблағ дод, вале нагирифт, зеро медонист, ки падараш бо чӣ азобе пул меёбад. Оҳиста-оҳиста додарони дигараш донишҷӯ шуда, наздаш омаданду ташвишҳояш зиёд шуданд. Дар курси охир мехонду падараш зиёд мехост ӯ ба деҳа биёяду хизмати мардуми ноҳияро кунад. Модараш барояш аллакай духтари зебоеро низ таги чашм карда буд, аммо дили Ориф ба ҳалқаи зулфи дигаре банд буд…


Нозанин

Нозанин духтарки резапайкари сабзина, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд. Байни ҷавонон як анъана буд, ки дар иду ҷашнҳо ҷавонони донишҷӯе, ки аз як ноҳия буданд, як ҷо ҷамъ меомаданд. Аз ноҳияи онҳо сӣ нафар донишҷӯ буданд, ки бо ҳам муошират мекарданд. Нозанину Ориф дар ҳамин гуна ҷамъомадҳо ба ҳам шинос шуда, аҳди ошиқӣ бастанд. Зуд-зуд ба кинову театр ва тамошои боғу гулгаштҳои пойтахт мерафтанд ва азм доштанд, ки баъди хатми донишгоҳ хонадор мешаванд.

Чун Ориф ин хабарро ба падару модараш расонд, онҳо чизе нагуфтанд, зеро ба писарашон боварӣ доштанд. Нозанину Ориф якҷоя донишгоҳро хатм карда, ба ноҳия баргашта ба кор сар карданд ва бо ризоияти волидон издивоҷ намуданд. Зиндагияшон хеле ширин оғоз шуд, ду мутахассиси ҷавони маҳаллӣ, гули сари сабади маъракаву маҳфилҳо буданд. Хоса Нозанин, ки муаллимаи забон ва адабиёт буду аз шеъру шоирӣ хабардор, дар тамоми иду ҷашнҳо бологузару сухангӯ буд. Хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар келини сухандону олуфтаашонро хеле дӯст медоштанд.

Зиндагӣ идома дошту бо кӯмаку дастгирии онҳо ду ҳевари дигарашро низ хонадор карданд, Орифу Нозанин соҳиби як писару як духтар шуданд ва аз ҳавлии падарӣ кӯч бастанд ба маркази ноҳия…
Рӯсиёҳ
Зиндагияшон дар маркази ноҳия дер давом накард, зеро даргириҳои маълуми соли навади асри пор оғоз гаштанду онҳо ба Душанбе кӯч бастанд. Баъди иҷорашиниҳои тулонӣ, онҳо соҳиби хонаи шахсӣ шуданд, оҳиста-оҳиста Нозанин ба вазифаҳои баланд гузашт, Ориф низ ба унвонҳои баланди тиббӣ ноил гашт, вале дар зиндагияшон хушбахтии пешин эҳсос намегашт.

Нозанин мӯйҳои дарозашро бурида, доманҳои кӯтоҳу танг ба бар мекард. Гапи шавҳараш барояш он қадар аҳамият надошт, Ориф медид, ки занаш аллакай аз вай дур шудааст ва бисёр вақтҳо ман хастаам гӯён, бистарашро алоҳида мепартояд. Баъдҳо Нозанин, ки акнун аз деҳотӣ буданаш як тора мӯй боқӣ намонда буд, шляпаҳои аҷибе ба сар мемонду сарашро зард карда, худашро ба масхарабозҳои сирк монанд карда буд. Ӯ дар вазифаи равғание кор мекарду бо пулҳои бо роҳи «чап» кор кардааш барои худаш хонаи алоҳидае харид ва эълон дошт, ки дар ҳавлӣ бо келину набераҳо монда мешаваду ба хонаи дуҳуҷрагияш кӯч мебандад.

Духтарашро ба шавҳар доданду Нозанин дигар қариб дар ҳавлӣ пайдо намешуд, Ориф пеш аз харидани хона бо ӯ сахт ҷанг карда, қаҳрӣ буд ва бо ӯ гап намезад. Ориф профессори соҳаи тиб, марди обрӯманд, духтару писарашро низ аз хонадонҳои бонуфузе келину домод гирифта буданд, аммо касе намедонист, ки ин марди сарватманду ҳамеша хандон дар дил чӣ алам дорад. Аз дасти море, ки дар остинаш парварида буду ҳоло ба аждаҳо мубаддал шуда…

Як шаб аз як шабнишинӣ хеле дер соатҳои яки шаб хестанду Ориф Назар қарор дод, ки назди Нозанин меравад ё зиндагиро аз нав шурӯъ мекунанд ё ба таври расмӣ ҷудо мешаванд. Ҳарчанд келинаш ба хизматаш тайёр буду мисли падараш ҳурмату эҳтиромаш менамуд, аммо ба мард марҳами тан даркор аст ку.

Нозанин низ ҷавон набуд, ба шаст қадам мемонд, умри Ориф бошад, сарҳади шасту дуро убур мекард. Ориф Назар гумон дошт, ки ин ташрифаш Нозанинро хурсанд мекунад, ҳатто як даста гул ҳам гирифт, аммо кош пойҳояш мешикастанду сӯйи он лонаи ҳаром роҳ пеш намегирифт…


Аждаҳозан қисми 2 Ниқоби фитода
Ориф Назар каме нӯшида буд ва ба ронандааш гуфт, ки зери бино мунтазири супориш бишин, агар гашта биёям, хона мебарӣ, агар шаб монам, зангат мезанам, рафтан гир.
Рӯзҳои аввали ба хонаи нав кӯчиданаш Нозанин як калиди хонаашро ба Анӯша дода буд ва Ориф онро гирифта, барои худаш калид сохт. Писараш умуман ба зиндагии падару модараш дахолат намекард, аммо Анӯша бисёр мехост то волидонаш ба ҳам оянд.
Ориф Назар аз зинаҳо боло шуда, пеши дари хонаи шинос расид, ин бори дуввум буд, ки мард ин ҷо меомад. Бори аввал вақте омада буд, ки Нозанин сахт бемор шуда буд ва Анӯша аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро ба хабаргирии модараш бубарад. Аз пушти дар бӯйи сабуки сигор ба димоғ мерасид, Ориф худ ба худ гуфт:
-Шароб нӯшиданашро медонистам, аммо сигорӣ шуда бошад?
Мард бо як сабки табииӣ дарро кушод ва вориди хона шуд, ҳавои хона вазнину олуда бо бӯйи сигору шаробу равғану мева буд, ӯ чароғи даҳлезро фурӯзон карда, ба ошхона гузашт. Марде дар нармкурсии кунҷи миз нишаста, сигор дуд медод, ӯ хеле ҷавон, тахминан ҳамсину соли писарашон буд, хун ба сари Ориф Назар заду пиёлаеро бардошта, сӯйи ӯ ҳаво дод. Ҳамин вақт аз ҳаммом Нозанин баромад ва ӯро дида, аз ҳайрат шах шуд.
Ориф Назар ба рӯйи аз зарби уколҳои ҷавонкунанда шахшуда ва чашмони берӯҳи ӯ туф карда, аз хона берун шуд ва баъди ҳамин дигар рӯйи ин палидро надид. Баъдҳо мешунид, ки ӯ бо мардҳои аз худаш ҷавон, ҳамсинну соли писараш муносибат дорад, вале худро ношунида меангошт. Ба хотири надидани рӯйи ҳароми ин кӯрнамак, ҳатто ба суд нарафт, онҳо расмӣ ҷудо шуданд, дар шоҳидии фарзандонаш талоқашро низ дод ва зани нав гирифт. Ҳамсараш аз Ориф понздаҳ сол хурд буд ва хеле оқилаву дурандеш, ӯ дили шикаставу пора-пора аз хиёнати ҳамсари дӯстдоштааш хунгаштаи мардро бо меҳру муҳаббату дӯстдорӣ малҳам шуд. Муносибаташ бо фарзандону набераҳои ӯ дар сатҳи олӣ буданд, Худованд ба онҳо як писарки зебо ҳам ҳадя намуд, Ориф дар заиндагӣ аз чизе камбудӣ надошт, аммо Нозанин…

Подоши амал

Нозанин бахт надид, пир шуду бозораш ҳам касод шуд, аммо ӯ одаме набуд, ки ба ин тан диҳад. Дар ин миён духтарашон бебахт шуд, Ориф гумон дошт, ки бадбахтии Анӯшаи нозанин модарашро ба таҳаммул водор мекунад, аммо не..
Нозанин дар ба дари табибҳои косметолог мегашту аз пайи барқарор кардани ҷавонии рафтааш буд. Аз дасти бисёр кашидани пӯсти рӯяш гарданаш ба пӯстлохи дарахт монанд шуда буд, дар рӯяш нури илоҳӣ набуд. Акнун ӯ ҳар куҷо худро зани Ориф Назар мегуфт ва аз фамилияи машҳури ҳамсараш истифода мебурд. Касоне, ки аз таърихи зиндагии ӯ огоҳ буданд, аз бало ҳазар гӯён, аз пеши роҳаш мегурехтанд. Ин зан акнун ба каждуме шабоҳат дошт, ки ҳар касе аз пешаш барояд неш мезад, ҳама дӯстонаш аз рӯйи ин одаташ ӯро зуд ё дер тарк мекарданд. Акнун кампираки пучала, ки ба анори шарбаташ фишурдае монандӣ дошт, ба ҷавонон пул дода, бо онҳо дӯстӣ мекард. Нишастҳои ҳангомадор бо мардонро дӯст медошт ва яке аз чунин нишастҳо сарашро хӯрд.
Вақтҳои охир дилаш бемор буд ва духтурон ба ӯ нӯшидани машруботу кашидани сигорро манъ карданд, аммо дар нишасти охирин хатти қирмизиро убур карда, дар ҳолати вазнин ба беморхона афтид…
Ориф Назар аз мошинаш фаромада, гиребони палтояшро бардошт, зеро барф чапу рӯ мезад. Чун вориди бинои беморхона гашт, ӯро бо эҳтиром пешвоз гирифтанду гуфтанд, ки ҳамсаратон аз олам гузашт. Ориф Назар пичиррос зад, “ҳамсари собиқам, модари фарзандонам, мо даҳ сол боз бо ҳам зиндагӣ надорем, ҳатто аз ин ҳам зиёд…”

-Ман медонам,- гуфт духтури шиносаш ва илова кард,- Анӯша занг зада гуфтааст, ки модарамро наҷот диҳед, инҳо барои ҳамин…
Ориф Назар ба палатае даромад, ки ҷасади Нозанин он ҷо буд, ӯ рӯяшро боз кард, чеҳрааш каб-кабуд ва аз бинӣ ва кунҷи лабаш хун мешорид, хуни сиёҳи ғафс. Аз ҷасад бӯйи бади тамоку, шароб ва равғану боз ким-чӣҳои дигар меомад, ҳамон бӯе, ки даҳ сол қабл, шаб, дар хонаи Нозанин ба димоғаш зада буд. Шояд бӯйи хиёнат… Мард бо нафрат рӯйи ҷасадро пӯшонид ва зери лаб гуфт:
-Хас каму ҷаҳон пок!

Нозанинро ба хок супориданд, болои сараш танҳо Анӯша гиря мекард ва паст-паст чизе мегуфт, ки касе намефаҳмид…
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД