sebiston july new
Азизҷон Мирзоев: Дар клипи Ёсамин танҳо нақш офаридам
27.01.2024
ОИЛА
485


Даричаи ошноӣ
Азизҷон Мирзоев 9 майи соли 1994 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба рассомӣ шавқ дошт ва то синфи панҷ дар мактаби рассомӣ таҳсил карда, пасон ба Литсейи президентӣ дохил шуда, то синфи 9 таҳсил кардааст.

Баъди хатм ба Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил шудааст. Соли 2009 коллеҷро хатм карда, бо квотаи президентӣ дар шаҳри Томски Федератсияи Россия таҳсил карда, соли 2015 ба Ватан баргаштааст. Аз рассомони маъруф ба монанди Сабзалӣ Шарипов ва Далер Миҳтоҷев дарси рассомӣ омӯхтааст. Ҳамзамон ҳамчун модел чандин ифтихорномаву ҷоиза дорад.

Азизҷон Мирзоев ба маънои том шахси эҷодкор аст. Новобаста ба он ки пас аз чанд моҳ 30-сола мешавад, аллакай яку якбора дар чанд самт худро санҷидаву муваффақ шудааст.

Ӯ аз ҷумлаи беҳтарин рассомони мост, ки бо шеваҳои гуногун асарҳои зиёд эҷод кардаву ҳаводори худро пайдо кардааст. Ӯ исбот карда тавонист, ки мард ҳам метавонад модели муваффақ гардад ва нишон дод, ки як шахси эҷодӣ ҳам метавонад дар интернет хеле маъруф гардад ва айни ҳол дар инстаграм наздики 600 ҳазор обуначӣ дорад.
Мо бо Азизҷон доир ба ҳама паҳлуҳои кору зиндагиаш мухтасар суҳбат кардем, ки ҳамакнун манзури шумо мегардад.
-Тахаллуси эҷодии шумо “johnaziz” аст. Барои чӣ ин тахаллусро интихоб кардед?
-Номи ман дар шиноснома Азизҷон аст ва чун аксари эҷодкорон тахаллуси эҷодӣ доранд, ман калимаи “ҷон”-ро аз паси калимаи “Азиз” гирифтаму ба пешаш мондам, ки ҳам тахаллус шуду ҳам бренд. Инчунин, нони аслиам гум нашуд, ки бароям муҳим аст.

-Ба дунёи эҷод чӣ гуна ворид шудед?
-Хеле барвақт дар дилам ин соҳа ҷӯш мезад, вале дар аввал волидонам зид баромаданд, зеро дарк мекарданд, ки ниҳоят касби душвор аст ва худро ёфтану аз худ чизе мондану маҳбуб шудан кори саҳлу сода нест. Азбаски ба худам бовар доштам, аз таҳти дил кӯшишу меҳнат кардам ва шукр то ин ҷо расидам.
-Шумо рассоми касбӣ ҳастед. Ин ҳунарро чӣ гуна омӯхтед?
-Аз вақте худамро ёд дорам, дар омӯзиш ва рушди ҳунарам ҳастам, чунки ҳунар ҳамеша ба тақвият ниёз дорад.

Ҳар рӯз бояд омӯхт, то ки ҳамқадами замон бошӣ ва талабот ба ҳунарат зиёд гардад.
-Дар рассомӣ устоди шумо кист?
-Устоди ман Далер Миҳтоҷев аст, ҳар касе шудам, маҳз аз дастгириву роҳнамоии эшон мебошад.
- Дар як рӯз чанд соат кори рассомӣ мекунед?
-Ин ба ҳолат вобаста аст. Яъне, кори эҷодиро наметавон ба соат муайян кард ё фурсатеро ҷудо намуд, зеро ба илҳом рабт мегирад.

Ҳар вақте ки илҳом ояд, кор мекунам, фарқ надорад соати чанд асту кадом қисмати рӯз ё шаб.
-Оё кори рассомиро маҷбурӣ карда метавонед?
-Кори эҷодӣ ҳеҷ гоҳ ба маҷбурӣ намешавад. Дар коре, ки шавқ нест ё дил намехоҳад, анҷом дода шавад ҳам, маълум мешавад, ки кори хуб набаромадааст. Бояд аз сидқи дил кор кард ва заҳмат кашид.
-Шахсоне, ки ба намоишҳои асарҳои рассомон, ба осорхонаҳо ё бо рассомони кишвар рафтуо надоранд, фикр мекунанд, ки вазифаи ин касб ва намояндагонаш танҳо тасвири портрет ва манзараҳост. Чун шумо дар ин соҳа соҳибкасбу соҳибназаред, бигӯед, ки рассом дар замони мо чӣ вазифа дорад?
-Шукр, ки бо фарқ аз солҳои пешин ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд ва аҳли эҷод, махсусан рассомон маҳсули эҷоди худро тарғиб кунанд.

Ба андешаи ман рассом касест, ки расм мекашад, тасвир мекунад ва эҷодкори ҳаматарафа аст. Яъне, ҳам расмҳои портретӣ ва ҳам эҷодӣ, ки дар худ маъниву фалсафаи хеле зиёд доранд, тасвир мекунад.
-Барои тасвири расме чӣ лозим аст?
-Пеш аз ҳама илҳом ва шавқ.

Агар илҳоми эҷодӣ ва хоҳиши кор кардан бошад, пас дигар лавозимоти рассомӣ лозим аст, ки ҳар рассом ба тарзи ба худ қуллай онҳоро интихоб карда, кор мекунад.
-Ҳар расм як асар аст. Шумо асарҳоятонро чӣ гуна номгузорӣ мекунед?
-Аслан, душвор аст номгузорӣ кардан. Ҳолатҳое мешавад, ки вобаста ба мазмуни асарҳо чанд варианти ном пешниҳод намуда, дар натиҷаи машварату маслиҳат якеро интихоб мекунем.
-Қиммати ҳар расмро аз рӯи кадом меъёрҳо муайян мекунед?

-Ин вобаста аст ба чӣ гуна будани мавзӯъ. Яъне, арзиши кори эҷодие, ки шояд чанд моҳу сол заҳмат талаб мекунад, аз як портрете, ки бо фармоише барои зодрӯз аст, ба куллӣ фарқ мекунад. Ва боз нарх аз касбият ва маъруфияти рассом ҳам муайян карда мешавад.

Ҳар рассом ҳақ дорад, ки дар доираи сарфу харҷи асараш арзиши онро муайян кунад.
-Барои рассом шудан бояд дар куҷо ва чӣ тавр таҳсил кард?
-Барои омӯхтани таҳкурсии ин касб дар коллеҷи рассомӣ ва донишкада таҳсил кардан даркор аст. Аммо барои тақвият додани ҳунар зиёд кор кардан лозим аст.
-Мо рассоми зиёд дорем, аммо мисли шумо машҳур кам аст. Ба андешаатон чаро шумо машҳур шудед?
-Мо беҳтарин рассомон дорем, ки ба ҳамаашон эҳтироми зиёд дорам, зеро хуб медонам, ки то ба сатҳи онҳо расидан хеле заҳмат бояд кашид. Фикр мекунам, сабаби тезтар шинохта шудани ман шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Ман саҳифаҳоямро барои тарғиби ҳунарам хеле хуб истифода мебарам.
-Соҳаи рассомӣ дар кишвари мо чӣ мушкилиҳо дорад?
-Ҳоло мушкилӣ нест, ҳама метавонанд кор кунанд, фазову муҳит барои кори эҷодӣ кардан хеле хуб аст. Аммо як норасоӣ ҳаст. Ин набудани ҷойи муайян барои ташкили намоишҳо аст. Дуруст, ки дар Осорхонаи миллӣ чунин имкон мавҷуд аст, вале он барои ҳама дастрас нест ва хуб мешавад, ки маконеро муайян кунем, то ҳама тавонад корҳои эҷодиашро намоиш диҳад.
-Шумо расмҳои одамони маъруфро, аз ҷумла Гусейн Гасанов, Андро, Бурак ва ғайраҳоро тасвир кардаеду шахсан ба онҳо супоридаед.

Бо хоҳиш ё фармоиши худи онҳо ин корро мекунед ё танҳо барои хушҳолии онҳо бо хоҳиши худатон?
-Расмҳоро бо хоҳиши худам тасвир мекунам ва ин як навъи тарғиби ҳунарам аст. Хуб медонам, ки агар расми онҳоро шахсан ба худашон расонида тавонам, барои пешрафти корам қадами хеле хуб аст.
-Вақте ки шахсони маъруф маҳсули эҷоди шуморо мебинанд, чӣ гуна баҳо медиҳанд?
-Хеле хуб қабул кардаанд.

Муҳимтар аз ҳама маро ҳамчун рассоми тоҷик мешиносанд ва он корҳоро пеш аз ҳама аз номи кишварам қабул мекунанд.
-Маълум аст, ки нафаронеро тасвир мекунед, ки ба онҳо аз ягон ҷиҳат самимият доред.

Оё шудааст ҳолате, ки сурати касеро тасвир карда бошед, ки ҳамчун инсон ба шумо писанд набошад?
-Хушбахтона, ҳар портрете, ки то имрӯз тасвир кардаам, одамони хубанд.
-Дар баробари рассомӣ, шумо модел ҳам ҳастед. Бигӯед, ки ин касбро чӣ гуна аз худ кардед?
-Аз замони таҳсил дар донишгоҳ ба касби моделӣ таваҷҷуҳ доштам ва дар Россия каму беш кор мекардам. Ҳатто дар соли 2015 сазовори ҷоизаи моделӣ дар Украина шудаму соли 2016 дар Кореяи Ҷанубӣ “Чеҳраи Осиё” гардидам.
-Барои як марди тоҷик касби моделӣ чӣ хубиҳову чӣ бадиҳо дорад?
-Солҳои аввал бархеҳо ба модел будани мард омода набуданд, чун ман аз ҷумлаи аввалинҳо будам, хуш қабул намекарданд. Аммо шукр, бо гузашти солҳо фаҳмишҳо дигар шуданд ва ҳоло ҳамааш хуб аст.

Тарафи мусбаташ барои ман он аст, ки дар баробари рассомӣ кори фараҳбахш аст ва ба ман то андозаи муайян барои шинохта шудан кумак кардааст.
-Шумо дар клипҳо ҳам нақш меофаред, ба наздикӣ дар як суруди Ёсамин Давлатова ба ҷойи овозхон Зайн Шамсиддин нақш офаридед. Чӣ гуна шуд, ки шумо ба ҷои овозхон нақш офаридед?
-Хонум Ёсамин занг зад ва гуфт ба хизмати ман дар клипаш эҳтиёҷ дорад. Ман қабул кардам, вале намедонистам, ки ба ҷойи Зайн Шамсиддин дар намоҳанг суруд мехонам.

Аммо чун гуфтанд бо сабабҳое Зайн иштирок карда наметавонад, розӣ шудам. Пас аз расонаӣ шудани клип бисёриҳо аз ман пурсиданд, ки оё сароянда шудед, вале фаҳмонидам, ки ин тавр нест, он танҳо нақше дар намоҳанг буд.
-Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Нақша дорам, ки дар соли 2024 як намоиши махсус ба хотири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мекунам, ки пурра аксҳояшонро аз замони оғози сиёсатмадорӣ то ҳоло дарбар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД