Arzon march 2024
ҶАЗОИ ХУДОВАНД
28.12.2020
ОИЛА
8428


Он рӯз шитобзада сӯи бозор мерафтам. Барои арӯс туфлии сафеди арӯсӣ мекофтам. Аз миёни одамони бисёр бо азобе хостам ба қатори дигар, ки он ҷо пойафзол мефурӯхтанд, гузашта тоҷири шиносро ёба. Ба марде китф ба китф зада ба нияти бахшиш баргашта нигоҳ кардаму…

Қувваи барқ зад, ки шах шудам дар ҷои худ. Мард ҳам ҳайрон-ҳайрон менигаристу сухане намеёфт. Шояд дар миёни анбӯҳи одамони равуокунандаи бозор. Ду нафари лол ва даступохӯрда ба назари одамон аҷиб метофт.
-Салом. - ниҳоят худро даст гирифтам.

-Салом Шоҳина, - ҳаяҷони сахти ӯ эҳсос мешуд. Ин тӯй…
-Ман…н, ё намешиносӣ… - чӣ гуфтанамро намедонистам. Чаро нашиносам? Тамоман тағйир наёфтӣ… Ҳамон Шоҳинай… Шоҳинаи яктои… - Хуршед рост ба чашмонам нигарист.

Худоё, ӯ дигар нашудааст. Ҳамон қадду қомати баланд, абрувони сиёҳи пайваста, ҳамон хандаву нигох, хамон рафтор. Хаёле тарзи гуфтугӯяш солортар, чустучолокияш андаке хам хӯрда, ба гузашти вақт. Беихтиёр дасти маро гирифт.
-Биё канортар равем.
-Не, ман саросема. - узр пеш овардам. ҳарчанд хоҳиши ӯро гӯш кардан аз дил меомад. Хомӯшона дастамро раҳо кардаму ғайриихтиёр аз паси ӯ рафтам. Назди дӯкони хушрангуборе карор гирифтем.
-Ана ин дӯкони банда!
-Ту? Ба тоҷирӣ машғулӣ? Дар хамин ҷо… Душанбе? - аз ҳайрати ногаҳонӣ рабти сухан гум гашт.
-Қариб панч сол шуд. Дар ҳамин ҷо… Шунида будам. Хуршед дар театр кор мекунаду кадом як ансамбли фольклорие ташкил намудааст дар Самарқанд. Давлату савлаташ болотар рафта, тинҷ асту осуда.
-Падару модарат… чӣ? Он моиланд - аз суоли беихтиёри худ хичолат кашида гапро сӯи дигар кашидан хостам.
-Дар дӯкон пойафзоли занона дорӣ?
-Ҳаст. Медароем? Барои худат?
Ҳарду ба дӯкон даромадем. Серодам буд. Хуршед маро ба дарун бурд. Курсие овард.
-Бишин. Аҷиб ин қадар сол гузашту…
-Бист сол…
-Чӣ зуд мегузаштааст вақт. Хаёлам дирӯз буд…
Хуршед боз сухан фурӯ бурду лахзае сукут кард. Танҳо ҳамин дам дидам чинхои пешонаву таги чашм, мӯйҳои ғулии барфзадаашро. Бо вуҷуди ин ӯ ҳанӯз ҳам монанд буд ба хамон ҳунарпешаи овозадори ҳинду Раҷ Капур.
Чашмони ҷаззобу дурахшон, нигоххои гарму мехрбораш дилкаш.
-Шоҳина. Медонӣ, - аз чӣ сухан кардан барояш мушкил буд.
Ту… ту, маро бубахш… Гӯё ба оташи изтироби ман равған рехт. Саропо раъшаи ҷонгудозе, эхсоси сӯзандае фаро гирифт маро. Як навъ худро ба нодонӣ андохтам.
-Чаро? Чӣ гунохе кардӣ, ки… бубахшам туро… - илоче гуфтам бо табассум.
Хуршед барои санҷиш шубхаомез рӯям нигахе андохт.
-Рост? Фаромӯш карда тавонистӣ
-Агар касс тақдирашро худаш менавишт… - гӯё бо тасалло гуфтам.
-Он гах?
-Ману ту бояд вонамехӯрдем…
-Ҳақ дорӣ ба нафрат кардани ман… Ҳатто то имрӯз. - овози Хуршед торафт паст мешуд. Ҳақ дорӣ, ба ҳар дашному ҳақорати қабех мани тарсу, мани буздилро…
Хаёлам замин зеро по такон хӯрду чархид мисли сари ман. Сухан ҷои ашк дар гулӯ монд. Чӣ икроре? Пас аз бист соле, ки гузашт… Хуршед ғайрихохиш мегуфту мегуфт. Хаёлу хобе бошад ўро гӯш мекардаму боварам намеомад, ки ҳамон Хуршед аст у.
Хуршеди магрур ва худбовар, яктову ягонаи модар. Гўё аз дури дур меомад овози ӯ. ба гӯш мерасид чун садои дури зангӯлаи ошное, ки гум карда будамаш кайҳо.
-Пас аз ду соли хонадориям падарам дар садамаи роҳ ҳалок гаштанд. Рӯзи сахте буд. Модарамро ғаму андӯҳи падар аз по афтонд. Ба умеди он ки дар душанбе вазъи саломатиашон беҳтар мешавад, кӯчидем. Падарам он вақт ҳама хонаҳои дар Душанбе доштаамонро фурӯхта буданд, ба ҷуз хонае, ки … Ту медонӣ, дар кӯчаи Шерозӣ…
…Ин хонаро барои Хуршед харида буданд. Худи ҳамон рӯз ӯ ба ҷону ҳоли ман намонду ба он хона рафтем. Он соли охири таҳсили мо дар донишгоҳ буд. Бо як шодии беохири кӯдакона ҳар утоқи хонаро нишон медод.
-Ин хонаи ману туст, Шоҳина! Хонаи бахти мо, мефаҳмӣ?… Танҳо азони ман ва азони ту!
Медонистам. ки Хуршед аз оилаи сарватмандест, Падараш дар курсии роҳбарӣ буду модараш раиси мағозаҳои муттаҳидаи ҷавоҳирот. Вале Хуршед бар хилофи чашмдошти духтарони ошиқаш бори нахуст ба ман гулдаста овард. Бори нахуст маро ба тамошои консерт бурд. Рӯзи муқаддасе бори аввал харфи муҳаббат ба забон овард: "Ту, танҳо туй. Шоҳинаи яктои ман!".

Дугонаҳоям яке бо рашк, яке бо ҳасад, яке бо ҳавас ишқи моро қисса мекарданд. Тааҷҷуб дошт яке, ки Хуршед мани нодору бекасро писандидаст. Ивази навозишу меҳри аз модар надида худованд ҳусни воло ато карда буд маро. Дар либоси оддию хоксорона ҳам дилкаш будам, ки бисёр ҷавонон раҳи ошноӣ меҷустанду ман дил бохта будам ба дигаре. Ба ҷавонони зеботарине, ки бо хотири ӯ ҳамеша ба тамошои филмҳои ҳиндӣ мерафтам, аксар мисли як қаҳрамонаш басе монанд ба ӯ, ба Хуршеди ман.
Волидайни баобрӯ, сарвату мол, парастору дастгире надоштам ба ҷуз ақлу дониши хеш, ба акле, ки мешинохтам Хуршедро, дӯст медоштамаш аз ҷон, балки бештар аз ҷон.
Ба он ҳадде, ки омода будам бимирам барояш.
Рӯзе. ки имтиҳони охирини давлатиро супоридем. Хуршед як сабад гули садбарг тӯҳфа овард. Бо хазл гуфт:
-Шоҳина, пагох рӯзи имтиҳони охири туст?
-Ба умед бош, аллакай супоридам, - хурсандона сар мондам сари китфонаш.
-Пагоҳ модарам ба дидани ту меоянд… Сонӣ, тӯямон. Модари Хуршед ҷавонзани зебое буд. Аз шарму ҳаё сухан гум мешуду аз ботин ёрое надоштам посух ба суолхои бешумораш диҳам. Чунин пурсишу истинтоқро чашм надоштам. Сипас. Хуршед аз дур маро ишора кард, ки пешаш равам. Модараш бо дугонаҳои ман монд…
Ҳафтае пас. рӯзи таваллуди Хуршедро бо хоҳиши ӯ мо ду нафар дар он хона қайд кардем. Шодмонии Хуршед интиҳо надошт. Тӯхфаи муносибе мехостам хадя орам барояш. Ба чуз рӯймолчаи гулдӯзӣ, ки бо ҳавас дӯхтам, хайф, ки чизи дигаре натавонистам харидан. Хиҷолати ман Хуршедро ба риққат овард.
-Худованд туро барои ман офарид. Шоҳина. Бигӯ. аз ин бахти қимматтаре ҳаст магар? Эх ту, соддаву яктои ман.
Он шаб шаби мукаддасе буд… 

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД