sebiston july new
Ҳазору як дарди зани аробакаш
3153
Ҳазору як дарди зани аробакаш

Садбарг Раҷабова модари чаҳор фарзанд буда, ба хотири дарёфти як пора нон баҳри се кӯдаки хурдсолаш аробакашӣ мекунад.

Хонаву дар надорад ва аз ночорӣ дар як кулбаи вайрона, ки аз хона дида, бештар ба анбор монандӣ дорад, иҷора мешинад. Дару деворҳои ин манзил чунон фарсудаанд, ки гумон мекунӣ ҳамин замон ё замони дигар ба сарат фурӯ меравад, вале Садбарг худоро зорӣ мекунад, ки аз ҳамин вайрона низ ӯро берун накунанду дар фасли сарди зимистон бо чаҳор кӯдаки хурдсол дар кӯча намонад.

Вай аз ночорӣ чаҳор тифлаки маъсумро ба ароба савор карда, мӯзаҳои резинӣ дар пой то соатҳои 12-и шаб партовгоҳ ба партовгоҳ гашта, аз байни ғарам-ғарам ахлоттӯдаҳо шишаву зарфҳои пластикӣ, селофон ва оҳанпора ҷамъ мекунад. Ба гуфти худаш, селофан ва зарфҳои кӯҳнаи ҷамъ кардаашро ба шахсоне, ки ба фурӯши оҳанпора ва дигар кӯҳнаколоҳо машғуланд бо нархи арзон фурӯхта, бо ҳамин роҳ барои фарзандони падардори бе падараш як пора нон меёбад....

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Садбарг боз ҳомиладор аст, вале зиндагии сахту сангин ӯро маҷбур кардааст, ки бо шиками дамида аробакашӣ карда, дар фасли сарди зимистон то як поси шаб партовгоҳ ба партовгоҳ гардад, то ба бачаҳояш ақаллан як пора нон ёфта диҳад.

Ин зани ҷафокашида ниёз ба дастгирии мову шумо дорад. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила ба тақдири Садбарг ва фарзандони хору зори ӯ бетараф намонда, ба ин зани тоҷик, ки ба хотири фарзанд аробакаш шудааст, дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Шахсоне, ки ба ин зани аробакаш ва бачаҳои зиндаятимаш ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияашонро ба кортҳои 6374600000006898925 (Бонки Эсхата) ё 5058 270368069216 (Душанбе-Сити) гузаронанд ва ё ба рақамҳои 985-95-95-87 (рақам бо корти боки Эсхата пайваст аст) ва 400-22-22-93 (Рақами телефон бо корти Душанбе-Сити пайваст аст) занг зада, бо худи Садбарг Раҷабова ҳамсӯҳбат шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД