goodwell
Ба кӯдакони навзод кадом номҳоро гузоштан мумкин асту кадомашро не?
16.06.2026
Oila.tj
194

Китоби нави "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ" аз чоп баромад. Феҳристи нав бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2026 тасдиқ шуда, аллакай барои истифода дар сабти номи кӯдакони навзод ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст.

Тавре намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, аз феҳристи қаблӣ, ки аз соли 2023 амал мекард ва 4056 ном дар он гирд оварда шуда буд, 1745 ном хориҷ карда шуда, 965 номи нав аз “Фарҳанги номҳои зебои ориёӣ” илова карда шудааст. Ҳамин тавр, дар феҳристи навшудаи номҳои тоҷикӣ 3461 номҳои асили тоҷикона гирд оварда шудаанд.

Кадом номҳо аз феҳристи нави номҳои тоҷикӣ хориҷ карда шуданд?

Гуфта мешавад, ки баъзе номҳо бо далели надоштани робитаи таърихӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллии миллати тоҷик аз феҳристи номҳои тоҷикона хориҷ карда шуданд. Қонун ҳамчунин гузоштани номи ҳайвонот, аз қабили Бӯрӣ, Гургалӣ ва ашёҳои гуногуни рӯзгорро ба мисли Табару Теша ба одамон манъ карда, чунин номҳо аз феҳрист хориҷ карда шудаанд.

Баъзе номҳои замонавӣ, аз қабили Алия, Амира аз феҳристи номҳои тоҷикӣ хориҷ карда шуда, ба ҷояшон варианти тоҷикии ин номҳо, аз ҷумла “Ёсуман” ба ҷойи Жасмин тавсия шудааст.

Кадом номҳои нав ба феҳрист илова шуданд?

Ба феҳрист як қатор номҳои нав дохил шудаанд, ки решаи ориёӣ дошта, маънии баланд доранд ва хеле гӯшнавоз ҳастанд. Аз ҷумла, Ануш («ҷовидон», «ҷовидонӣ»), Арғувон (номи дарахти зебо), Армин («оромбахш»), Арнавоз («номи нек»), Баҳорноз («нозук ва зебо»), Беҳваш («зебо»), Вис, Гавҳарон, Гулбоғ ва ғайра...

Тибқи қонун, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми интихоби ном барои фарзандони навзодашон бояд аз феҳристи тасдиқшуда ягон номи муносибро истифода баранд. Волидайне, ки ба фарзандашон номи дар рӯйхат мавҷуд набударо гузоштан мехоҳанд, бояд исбот намоянд, ки ин ном ба фарҳангу анъанаҳои тоҷикон мувофиқ аст.

Ногуфта намонад, ки барои намояндагони дигар миллатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ истисноҳо пешбинӣ шудаанд.

Гузоштани номҳои бегона ба кӯдакон манъ аст!

Ёдовар мешавем, ки тибқи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон дар интихоби ном ҳанӯз аз соли 2016 маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, номи ашёҳо, асбобу анҷом ва ҳайвоноту парандагон манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД