Пас аз марги Фотима Зуҳро чанд рӯз ба худ наомад. Суханҳои апааш ҳамеша дар гӯшаш садо медод. Ӯ масъулияти бузургеро ба дӯши ӯ бор карда буд. Чӣ кор карданашро намедонист. Пас аз фикри зиёд либосҳои апаашро ба бар намуд. Худро Фотима кард. Ба шавҳараш занг зад, ки имрӯз ба хона бармегардад.
Ба хона рафт. “Очаҷон!”,- гӯён фарзандонаш худро ба оғӯши вай андохтанд. Дилаш ларзид. Як лаҳза хомӯш монд, баъд онҳоро сахт ба оғӯш гирифт. Аз ҳамон рӯз ӯ зиндагии навро оғоз кард. Бо масъулияту муҳаббат. Ба дил аҳд намуд, ки як умр аз амонатҳои апааш муҳофизат мекунад.
Рӯз ба рӯз ба онҳо меҳр пайдо кард. Дӯсташон дошт. Субҳ барвақт хеста субҳона омода мекарду фарзандонашро ба боғчаю шавҳарро ба кор гусел мекард. Кӯдакон хурсанд буданд.
Мард ҳис менамуд, ки дар рафтору гуфтори ҳамсараш тағйироте рух додааст. Ҳатто шубҳа мекард, ки ӯ ҳамсараш нест. Ниҳоят шубҳаашро изҳор кард:
- Ту Фотимаи ман нестӣ. Ман ӯро хуб мешиносам. Зоҳиран ба ҳамсарам монандӣ, аммо бӯйи ӯро намедиҳӣ.
Зуҳро хомӯш монд. Дилаш бо шиддат метапид. Нигоҳи мард чунон амиқ буд, ки дигар пинҳон кардани роз маъное надошт.
- Ман…,- овозаш ларзид.- Ман мехостам ҳақиқатро гӯям, аммо тарсидам, ки кӯдакон ғамгин мешаванду аз ғусса бемор мегарданд…
Мард як қадам ба пеш гузошт. Чеҳрааш дигар шуд. Чашмонаш сурх шуданд, нафасаш вазнин гашт.
- Фотима куҷост?,- бо овози паст, вале бурро пурсид ӯ.
Зуҳро дигар тоқат накард. Ашкҳояш сарозер шуданд. Дастонашро ба рӯяш бурд, гӯё мехост аз ин ҳақиқат пинҳон шавад.
- Ӯ дигар нест…
Мард якбора ба девор такя зад. Лабонаш ларзиданд, аммо садо набаровад. Баъд оҳиста пичиррос зад:
- Не… ин мумкин нест. Ҳеч имкон надорад, охир ӯ хубу сариҳол менамуд.
Вай сар ба поён хам кард. Дастонаш ба мушт табдил ёфтанд. Як қатра ашк аз гӯшаи чашмаш лағжид, шояд аввалин бор буд, ки ӯ ин тавр мешикаст.
- Чаро… чаро ба ман нагуфт?,- бо дард гуфт ӯ.- Ман ҳақ надоштам бидонам?
Зуҳро ба ӯ наздик шуд:
- Фотима бемории саратон дошт. Ӯ намехост шуморо ғамгин кунад, то нафаси охир ба шумо фикр мекард. Аз ман хоҳиш намуд, ки ба ҷояш бошам, то фарзандонаш бемодар буданашонро ҳис накунанду танҳо намонанд.
Сукут ҳама ҷоро фаро гирифт. Мард ба утоқе, ки фарзандон хоб буданд, нигарист. Онҳо орому осуда, бехабар аз гапу кори дунё мехобиданд.
- Онҳо чизе медонанд?,- пурсид ӯ.
- Не…,- ҷавоб дод Зуҳро.
Мард чуқур нафас кашид. Баъд оҳиста гуфт:
- Фотима фаришта буд. Меҳрубонтарину хушқалбтарин зани дунё буд. Беморияшро аз ман пинҳон дошт. Ҳама вақт худро саломат нишон медод. Ман ҳатто пай набурдам. Ба хотире, ки ману бачаҳо ғамгин нашавем, ӯ ин қадар дарди вазнинро бо худ мегардондаасту мо бехабар. Оҳ, Фотимаам. Чаро ин корро бо ман кардӣ? Нагузоштӣ ақаллан барои охирин бор бубинамат. Чаро? Чаро???
Сардиеро дар дилаш ҳис кард. Аз ҳар кунҷи хона хотира меҷуст. Чеҳраи зебою табассуми латифаш аз назараш дур намегашт. Девонавор дилтангаш гашта буд...
Ӯ ба Зуҳро нигарист:
- Ту меравӣ?
Зуҳро лаҳзае хомӯш монд:
- Агар хоҳӣ, меравам…
Мард сар ҷунбонд.
- Не, нарав, агар ту равӣ… онҳо боз як бори дигар модарашонро аз даст медиҳанд, ту метавонӣ муҳаббати ӯро идома диҳӣ.
Ашк дар чашмони Зуҳро ҳалқа зад. Онҳо бо ҳамдигар издивоҷ карданд. Пас аз издивоҷ дастагулеро гирифта, сари қабри Фотима рафтанд...
Гулбаҳор РАҲМОНОВА