arzon replenishment
Ба захми дили бефарзандон намак напошед!
1372
no-img

Ба захми дили бефарзандон

намак напошед!

Фарзанд меваи умри инсон аст аст ва албатта ҳар шахс мехоҳад, ки зудтар нахли умраш бор оварда, кӯдакдор шавад, вале риштаи тақдири инсон дар дасти худаш нест. Сарриштаи тавлид ва марг танҳо дар дасти Офаридгор аст. Фарзандро ба одамизод худованд медиҳад. Аллоҳ таоллоҳ ҳар гоҳе, ки хост, ҳамон вақт ба инсон фарзанд медиҳад. Худо ба яке писар медиҳад, ба дуввумӣ духтар, саввумӣ бошад, солҳои дароз дар орзуи фарзанд умр ба сар мебарад.

Мо-тоҷикон як дати бад дорем, ҳамин ки аз тӯйи ду ҷавон як муддат гузашт, дарҳол мисли кормандони пулис ба пурсуҷӯ сар мекунем, ки зани шшавҳари ҷавон кай бачадор мешаванд. Ман худам як зани 56-сола ва модари чаҳор фарзанд ҳастам. Ростӣ, 3-4 соли аввал мо кӯдакдор нашудем. Муддати 4 сол аз мардум чи таънаҳое, ки нашунидаму чӣ таҳқиру озорҳое, ки надидам. Аз хушдоману хоҳарарӯсам сар карда, то ҳамсояҳои модараму ҳамсояҳои худамон ҳамин ки маро диданд, дарҳол мепурсиданд, ки ягон "навигарӣ" ҳаст ё не. Намедонам аз фарзандор шудану нашудани мо онҳо чӣ манфиат меёфтанд, аммо ҳаминро медонам, ки аз пушти ҳамин кунҷковиҳои мардум алами хушдоманам бештар рӯ зада, тез-тез барои ҳомиладр нашуданам бо ҳар баҳона бо ман ҷанҷол мекарданд. Шавҳарам низ аз қатор намонда, ғурбат мекард, ки чаро дигар занҳо дар се сол ду бача таваллудмекунанду ман ҳеҷ ҳомила намешавам. Ин таҳқирҳо мисли корд ба усухонам мерасиданд, зеро худи ман бештар аз ҳар яки онҳо мехостам кӯдакдор шавам, вале охир бо Худованд ҷанг карда намешавад, ки чаро ба ман фарзанд намедиҳӣ! Одамизод назди Офаридгор бечора аст ва фақат метавонад дуо кунад, ки Парвардигоро маро ба мурди дилам расонида соҳиби фарзандони нозанин гардон. Оҳи дили мани ташнаи фарзанд низ бо мурури вақт ба гӯши Худовнад расид ва ду гулписару ду гулдухтари нозанинро ба дунё овардам. Тавлиди 4 фарзанд забонамро дар назди дӯсту душман дароз гардонида бошад ҳам, то ҳол захми таънаҳои мардум аз дилам нарафтааст.

Дӯстони азиз як бор фикр кунед, охир магар аз пурсидани шумо захми дили одамоне, ки худашон зри фарзанд ҳастанд, тоза намешавад?! Магар саволҳи бемаврид ва кунҷковиҳои шумо боиси сар задани дилсардӣ дар байни зану шавҳар ва суст шудани пояи оилаи онҳо намегардад?! Пас чаро дидаву дониста ба захми дили одамони бефарзанд намак мепошем?! Намефаҳмам, охир чи зарур аст донистани пайд шудан ё нашудани "навигарӣ" дар ҳаёти як оилаи дигар? Аз кӯдакдор шудану нашудани онҳо ягон гармиву хунукӣ ба мо мерасад? На! Фарзандор шаванд, шодишарикашн мешавему халос, пас чаро баҳудаву беҳуда ба зиндагии дигарон бинӣ мехалонем?

Мана худи мрао гирем, сабту тоқат карда, баъди 4 сл соҳиби фарзанд шудам, вале худо накарда, ҳамон вақт аз гапу калоча ва таънаи мардум безор шуда, шавҳарам ҷавобамро медод-чӣ? Имрӯз айнан чунин ҳолат ба сари келинам омадааст. Аз тӯйи онҳо ду сол гузаштаву писару келинам то ҳол соҳиби фарзанд нагаштаанд. Ман-хушдоманаш хап, вале тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро ин масъала чунон ба тавиш овардааст, ки ҳар гоҳ арӯси бечораро бинанд, бо пурсуҷӯву кунҷковӣ ва саволҳои бемавридашон ҷонашро ба лабаш меоранд. Аз дасти пурсидани мардум келини бечораам дигар ҳатто наметавонад ба кӯча барояд, чунки пушти дарвозаро рӯфтанӣ барояд ҳам, ҳатман ду-се нафар мепурсанд, ки "ягон навигарӣ ҳаст ё не?” Келинам аз пурсак-пурсаки мардум зиқ шуда, торафт афгор шуда истодааст ва ҳолашро дида, дилам хун мешавад. Чанд бор гуфтам, ки келинҷон, ғам нахӯред, фарзандор шудан дар дасти шумо не, дар дасти Аллоҳ аст ва Худованди меҳрубон рӯзе ҳатман оҳи дилатонро шунида, дасту домонатонро сабз мегардонад, аммо маълум аст, ки пурсуҷӯҳои одамон ӯро ба вартаи навмедӣ афганда истодаанд.

Дирӯз зани амаки келинам ба ман занг зада гуфт: "ҳоло ҳам келинатон хап гаштааст-ми?! Келини ман писари дуюмашро таваллуд карду имрӯз чиллааш мебарояд. Тӯяшон бо тӯйи писари шумо Муродҷон дар як рӯз буд...."

Бе гуфтани вай ҳам медонам, ки тӯй кай буду кӣ соҳиби чанд фарзанд аст. Шарт аст, ки гуфта-гуфта дили бе ин ҳам реши келинамро пора-пора кунад?!

Ман ҳам дар посухи гапҳое гуфтам ки аз шарм дигар чизе гуфта натавониста, бахшиш пурсид, вале магар фарзанди ман ин гапҳоро шунавад, зиқ шуда, дардеро ба худ намегирад? Албатта мегирад!

Барои ҳамин илтимос, калонсолон ва нафароне, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, ин қадар аз навхонадорон ва дигар одамони бефарзанд аз "навигарӣ" напурсед, зеро пурсишҳои шумо ба захми дили ин тоифа намак пошидан асту халос. Аз оҳи дили бефарзандон ҳазар кунед!

Фаромӯш насозед, ки бо кунҷковиатон шумо ба онҳо зарбаи рӯҳӣ мезанеду халос. Шахсан худи ман соҳиби 4 фарзанд бшам ҳам, то ба ҳол гапҳои гуфтаи одамон ба ёдам занад, дар баданам мурғак медамад.    

     Навхонадорони азиз! Ҳеҷ гоҳ навмед нашавед, чунки худо тамоми бандагонашро дӯст медорад ва ҳаргиз онҳоро навмед намесозад. Худо хоҳад, дер ё зуд шумо албатта соҳиби фарзанд мешавед, барои ин фақат сабр кардан ва аз назрати духтур гузаштан лозим асту халос.

Фаромӯш накунед, ки баъзеҳо махсус барои дар байни зану шавҳар низоъ андохтан мепурсанду аз фарзандор шудани худ фарх мекунанд. Аз пушти гапҳи бемаънии як-ду даҳоняла оилаи ороми худро вайрон накунед. Сабр кунед, иншллоҳ Худованд ба шумо беҳтарин ва солеҳтарин фарзандонро насиб мегардонад!

Ба сомонаи Оила. ТЧ ташаккур, ки бо гуфтани ин суханон ба мо имкон медиҳад, ки ҳам дили худро холӣ кунем ва ҳам ба дигарон маслиҳатҳои судманд диҳем. Бори дигар таъкид карданиям, ки ба гапи мардум дода шуда келин ё ҳамсари худро барои бефарзандӣ маломат накунед, зеро фарзандро ба одамизд фақат худо дода метавонад. Боқӣ саломат бошед!

Бо эҳтиром: Адолат, аз шаҳри Истаравшан.

Таснифи: Абдуғаффор Шодиев

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД