goodwell
Ба зишттарин саги ҷаҳон 5 ҳазор доллар туҳфа карданд
20.09.2026
Oila.tj
63

Мопси шашсола бо номи Ҷинни Лу дар озмуни 50-уми интихоби «зишттарин саги ҷаҳон» пирӯз шуд. Озмун дар шаҳри Санта-Розаи Иёлоти Муттаҳида баргузор гардид. Ҷинни Лу танҳо баъд аз кӯшиши чорум тавонист ҷойи аввалро соҳиб шавад.

Ин саг хусусиятҳои ғайриодии зоҳирӣ ва рафторӣ дорад: забонаш қариб ҳамеша берун аст ва тибқи гуфтаи созмондиҳандагон, ҳатто онро ба косаҳои ғизои дигарон меандозад. Ӯ инчунин ба болои курсиҳои ошхона баромадан ва дар назди оина ба акси худ «дод задан»-ро дӯст медорад. Доварон танҳо аз рӯйи намуди зоҳирӣ қарор қабул накардаанд. Қиссаи зиндагии ин саг низ ба интихоби онҳо таъсир расонидааст. Ҷинни Лу замоне дар ҳавои сарди кӯҳистони Кореяи Ҷанубӣ дар дохили як қуттии чӯбин пайдо шуда буд.

Ғолиб соҳиби ҷоизаи 5 ҳазор доллар, ҷом, сафар ба Ню-Йорк барои иштирок дар барномаи телевизионии Today ва имкони пайдо шудан дар силсилаи маҳдуди қуттиҳои хӯроки сагҳо гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД