sebiston july new
Бадахшон нақшаи даъват ба аскариро 100% иҷро кард
220

 

Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман имрӯз, 1-уми апрел оғоз ёфт, вале Бадахшон аллакай нақшаро иҷро кардааст.

Тайи чанд соли охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ ҳамеша пешсаф аст. Имсол низ вилоят байрақи зафарро аз даст надода, дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи артиш нақшаи даъватро 100% иҷро намуд. Ин дар ҳолест, ки баъзе вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар то охири мавсим низ нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро карда наметавонанд.

Ёдрас мешавем, ки имсол тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавсими баҳории даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2006, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, барои ба таъхир андохтани хизмат ягон сабаби муҳим надоранд, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД