Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтарро ба номи ҳаҷвнигори шинохта ва собиқ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода гузоштанд. Дар ин бора қарори маҷлиси вакилони шаҳр имрӯз қабул шуд.
Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистон, 17-уми феврали имсол дар 57-солагӣ даргузашт. Баъзе аз ҳамкасбонаш гуфтанд, “аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид”, вале табибон гуфтанд, “аз сактаи дил даргузашт”.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг ҷоиза таъсис дода, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв онро ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта буд.дробнее тдж: https://oila.tj/news/khatlon-ba-nomi-aloviddin-abdulloev-oiza-tashkil-shud