arzon replenishment
Бахти барбодрафта Қисми2
25.01.2023
Mahina
2246


-Умед, ман дигар дар ин хона зиндагӣ карда наметавонам,-шаб сарашро ба китфи шавҳараш монда гуфт Париноз.

-Ба оиладориамон нав ду моҳ шуду аллакай ту ба шикояткунӣ сар кардӣ. Мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ? Оиладоршавӣ бозӣ нест, ки мехоҳаму намехоҳам гуфта, нозу ароз кунӣ,- гуфт Умед арӯсашро насиҳаткунон.
-Ман аз зулми модарат безор шудаам. Дар ҳар шишту хезам ягон айб ёфта, гап мезананд...
-Ту дили он касро ёб. Вазифаҳоятро дуруст анҷом деҳ...
-Вазифа, вазифа! Магар ман барои хизматгор шудан бо ту издивоҷ кардам. Ҳар кас кори худашро худаш анҷом диҳад. Ман барои модари ту хизматгор нестам!
-Модарам туро чун духтарашон дӯст медоранд ва модарвор нрасиҳат мек унанд, ки кору бори рӯзгорро ёд гирифта, зани бо дасту панҷа ва таърифӣ шавӣ...
-Шукри худо, ман худам модар дорам ва ба панду насиҳати модаронаи ягон кас мӯҳтоҷ нестам,-бидиррос зад Париноз.
Ман бедори чунин модар.
-Эй аз ҳад нагузар!- Завҷаашро як шаппотӣ фаровард Умед.
-Ту маро задӣ?! Ваъдаҳои додаатро фаромӯш кардӣ? Он дӯст медорам гуфтанҳоят куҷо шуданд,-дод зад Париноз ва дарро бо қаҳр зада, баромада рафт.
ххххх
Ҳамин тавр Париноз боз қаҳр карда ба хонаи модараш омад. Падараш ҳарчанд ӯро насиҳат мекард, духтури якрав ду пойро ба як мӯза андохта, дубора ба хонаи шавҳараш барнагашт...
Аз байн муддате гузашт. Умед, ки Паринозро дӯст медошт, барои овардани завҷааш бо хонаи хусураш рафт.
-Домод, хафа нашаведу ман дигар духтарамро ба зулматкадаи шумо фиристоданӣ нестам. Модаратон ба духтари бечораам рӯзу рӯшноӣ нишон намедодааст...
- Охир духтари шумо ҳам аноӣ нест ...
-Чӣ духтари ман имрӯз ганда шуд?! Магар ҳамин ту набудӣ, ки “духтаратонро рӯ-рӯуйи даст мегардонам” гуфта дар вақташ зорию тавалло мекардӣ, ки Паринозро ба ту диҳам?! Акнун духтари ман ганда ва гунаҳкор шуд?!
-Ман Паринозро дар ҳақиқат сахт дӯст медорам ва ҳаргиз ӯро ганда карданӣ нестам, танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки камтар эрка аст, гапро намебардорад, гапгардонӣ мекунад...
-Бас! Дигар даҳонатро накушо! Бо Париноз зиндагӣ кардан хоҳӣ, хонаатро ҷудо мекунӣ. Духтари ман дигар бо модари ту якҷоя зиндагӣ намекунад,-ба миёни гапи домодаш лагад зад модари Париноз .
-Охир ман писари яккаву ягонаи волидонам ҳастам, чӣ хел онҳоро партофта равам? Бо кадом рӯ мегӯям, ки ман хонаи алоҳида гирифта, баромада меравам? Дар дами пирӣ онҳоро танҳо гузорам, магар мардум ба ҳолам намеханданд?!
-Хоҳӣ, ки кӯдакат ба меҳри падар зор шаваду зиндаятим ба воя расад, бо онҳо зиндагӣ кун. Духтарам аз ту ҷудо мешавад. Ӯ барои туву оилаат хизматгор нест. Ҳозир назди волидайнат меравем. Ҳамаашро ба онҳо мефаҳмонӣ ва алоҳида зиндагӣ мекунед. Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ихтиёрат!
ххххх
-Қудо, ман ҳеҷ нафаҳмидам, шумо барои васл кардан омадед, барои вайрон кардани оилаи духтаратон ё барои ҷудо кардани писарам аз ман?!
-Аз зулми шумо дигар духтарам наметавонад дар ин хона зиндагӣ кунад.
-Духтаратон, ҳоло оддитарин корҳоеро, ки келин бояд иҷро кунад, дар хонаи мо накардааст. Дар ду моҳи хонадории онҳо ман чӣ зулм кардаам?! Барои мӯйсафедон як пиёла чой дам кардан ва аз ҳоли онҳо бохабар шудан барои духтаратон ҳамин қадар вазнинӣ кард, ки писарамро аз ман ҷудо карда. Алоҳида зиндагӣ кардан мехоҳад? Шумо ба ҷойи балво додан бояд баръакс ба духтаратон корҳои хонаро омӯзонед, насиҳат кунед, ки ҳурмату эҳтироми аҳли оилаи шавҳаратро ба ҷо оварда, дилёбӣ кун... Худо медонад, ки мо чӣ қадари дигар умр дорем. Боқӣ ҳарду якҷоя зиндагӣ намекунанд магар?
-Эй бас кунед! Ман ба хонаи шумо насиҳатшунавӣ наомадаам. Писаратон хоҳад, ки ҳамроҳи занаш хушу хушбахтона зиндагӣ кунад, хонаиалоҳида мегирад, агар не, ҷавоби духтарамро диҳад. Домодҳои аз ин беҳтар пур. Боз ба духтари нозанини ман харидор ёфт мешавад...
-Падари Умед, ки то ин дам хомӯшона ба баҳсу мунозираи ҳамсар ва қудояш гӯш медод, ба писараш рӯй оварда пурсид:
-Умед, ту чӣ мегуӣ? Мехоҳи бо ҳамсарат алоҳида зиндагӣ кунӣ?
-Намедонам падарҷон, росташро гӯям, ман аз ҷангу ҷанҷоол безор шудаам...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД