1xbet
Бахти Ширин (ҚИСМИ 1)
1135

Ширин дид, ки шавҳараш ба хоб рафт, оҳиста аз бистар бархосту ба ҳуҷраи дигар гузашт. Дафтари ашъори эҷодкардаашро аз ҷевон гирифта, ба сари миз нишаст.

… Худоё, кай ту маро аз ин орзуи хуфта халос мекунӣ? То ба кай аз тарси шавҳар ман пинҳонӣ шеъру тарона нависам? То ба кай? Худро мисли Робиаи Балхӣ эҳсос мекунам. Нанависам, хаёлам, мемирам. Тавба, боз девона нашуда бошам?

Ширин аз давраи мактабӣ ба навиштани шеъру тарона, мақола шавқи зиёд дошт. Ашъораш аллакай дар маҷаллаи “Машъал” ва рӯзномаи “Пионер” ба нашр мерасид. Хеле зиёд мехост шоира шавад. Аммо падари бадҷаҳлаш ҳамеша таъкид мекард, ки “фикри хонданро аз сарат парто, духтарро чиву хонданаш чӣ, ман туро ба писари хондагии як ҷӯраам аллакай ваъда кардаам”. Ширин ин суханони падарашро ҷиддӣ гумон намекард. Ба модараш доимо таъкид мекард, ки оянда хонда шоира мешавад. Аммо дар авлоди онҳо ҳаргиз духтаронро хондан намемонданд.

Ҳамин ки синфи даҳумро хатм кард, аз ӯ ҳатто чизе напурсида, ба Шамс ба занӣ доданд. Шамс зодаи Душанбешаҳр буду Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, дар яке аз беморхонаҳои бонуфузи пойтахт табиб шуда кор мекард. Ӯ то зангириаш бо ҳамсабақаш Гулсифат ошноӣ дошту ӯро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт. Аммо ба гапи падари сахтгир монеа нашуда, розӣ шуд, ки духтари кадом дӯсти падарашро ба занӣ бигирад.

Шамс дар дил мегуфт, ки агарчанде зан ҳам бигирад, бо Гулсифат никоҳи дувум мекунад. Ӯ рӯзи аввал дар таги чодар ба Ширин гуфт, ки «ту интихоби модару падарам ҳастиву тамом, ба ман тамоман кордор намешавӣ, ҷойи ту ошхона асту ҳавлӣ, фаҳмидӣ»? Аммо Ширин ин лаҳза ба чашмони хумориву қади баланди шавҳараш нигариста, ошиқвор мегуфт: “Худоё, ин қадар ҷавони зебо насибам гаштааст”. Гапҳои ӯ ба гӯшаш намедаромад. Духтари ҷавон бо як дидан ошиқи зори шавҳараш гашт.

Шамс ҳамоно дағал буду дағал. Ширинро мисли хидматгори хона қабул карда буд. Дар як гӯшаи шаҳр барои Гулсифат хонаи якҳуҷрагӣ харида доду никоҳаш кард. Аз зиндагии дубомааш касе хабар надошт, ба ҷуз хоҳараш.

Боре хоҳараш ҷанг карда, гуфт:

- Янгаам беҳтарин аст, чаро ту зани дувум гирифтӣ?

- Чунки дӯсташ намедорам. Ман аз аввал Гулсифатро дӯст медорам.

Ширин ба шеърнависӣ боз ҳам бештар шавқ пайдо кард. Дар як дафтари калон менавишту менавишт. Шеърҳояш шогирдона бошанд ҳам, сабку услуби хоса доштанд. Аммо метарсид, ки дар ягон маҷалла ин шеърҳояшро нашр созад.

Зиндагии Ширину Шамсро ҳафт соли пурра шуд. Аммо Ширин ҳеч ҳомила намешуд. Сирри ҳомила нашуданашро хеле дер фаҳмид. Гулсифат бошад, аллакай соҳиби як писару як духтар буд. Шамс бештари вақташро бо онҳо мегузаронид.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД