Дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” мавзӯи муҳим - ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон матраҳ шуд. Бахтовар Қосимзода, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷкистон моҳияти ҳукумати электронӣ, бартариҳои он, имконият дар раванди фаъолияти бонкҳову ниҳодҳои иқтисодӣ, манфиати он ба мардумро шарҳ дод. Ёдовар мешавем, ки подкасти “Маърифати молиявӣ” бо дастгирии ҶСК “Ориёнбонк” омода мешавад.
- Имрӯз дар бораи ҳукумати электронӣ зиёд мегӯянд. Аз нигоҳи шумо ҳамчун мутахассис, моҳияти он чист ва то куҷо дар Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст?
- Ҳукумати электронӣ - ин системаи автоматикунонидашуда аст. Тавассути он ҳамкории давлат, шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба роҳ монда мешавад. Мақсади асосии он тариқи электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, хизматрасонӣ, дар умум робитаи мақомот бо ҷомеа мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон беш аз ду даҳсола инҷониб ин низом дар фаъолияти ниҳодҳои кишвар ба роҳ монда шудааст.
- Бартарӣ ё худ манфиати ҳукумати электрониро дар чӣ мебинед?
- Ҳукумати электронӣ бартариҳои зиёд дорад. Он ҳам барои шаҳрвандон ва ҳам барои давлат шароити мусоиди корро фароҳам меорад. Шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз интернет ё дастгоҳҳои мобилӣ дар вақти дилхоҳ ва дар ҷойи муносиб ба хизматрасониҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Инчунин, ҳукумати электронӣ метавонад вақти шаҳрвандонро барои иҷрои як қатор амалҳо, аз қабили дархост барои шиноснома ё пардохти андозҳо, хизматрасониҳо сарфа намояд. Манфиати дигар шаффофият ва сарфаи маблағ аст. Мо метавонем тариқи ҳукумати электронӣ нархи аслии хизматрасониҳои давлатиро пардохт намуда, аз натиҷаи амали иҷрошуда расид гирем. Ҳукумати электронӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки раванди амалӣ шудани хизматрасониҳои давлатиро мустақиман пайгирӣ намоянд.
- Пас, давлат ё худ ниҳодҳо чӣ манфиат мебинанд?
- Кам намудани хароҷот. Хароҷоти давлатӣ тавассути автоматикунонии вазифаҳо, коҳиш додани ҳуҷҷатгузорӣ, аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои коғазӣ кам мешавад. Инчунин, ҳукумати электронӣ метавонад сифати фаъолияти мақомоти давлатиро тавассути самараноктар намудани равандҳо ва кам кардани вақт барои иҷрои вазифаҳо беҳтар созад. Ҳукумати электронӣ метавонад сифати хизматрасониро ба шаҳрвандон тавассути фароҳам овардани дастрасии тезу қулай ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо беҳтар созад. Ҳукумати электронӣ метавонад эътимодро нисбат ба ҳукумат тавассути шаффоф гардонидани фаъолият афзоиш диҳад. Дар маҷмуъ, ҳукумати электронӣ метавонад ҳам ба давлат ва ҳам барои шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда, дар натиҷа баҳри гирифтани девидентҳои иловагии рақамӣ имконияти бештар фароҳам ояд.
- Бигӯед, ки фарқ байни иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҳукумати электронӣ чист? Инҳо то куҷо ба ҳамдигар кумак мекунанд?
- Ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳнӣ аз ҳамдигар тафовут доранд. Иқтисоди рақамӣ як навъи системаи иқтисодиёт аст, ки бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ рақамикунонии тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Яъне, шуруъ аз истеҳсол то истеъмоли молу маҳсулот рақамигардонии фаъолияти ин равандҳоро дар назар дорад. Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, шафофият ва сарфаи вақт мебошад.
Зеҳни сунъӣ бошад, системаест, ки метавонад мустақилона фикрронӣ кунад, биомӯзад ва тариқи худкор амал намояд. Мақсади асосии зеҳни сунъӣ - ин худкор намудани равандҳои рӯзмарра, ҳалли мушкилоти инсон, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ихтирои молҳои электронии нав мебошад.
- Имрӯз кадом санадҳо қабул шудаанд, ки фаъолияти ниҳодҳои Тоҷикистонро барои гузариш ба ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ танзим мекунанд?
- Дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои такмил додани фазои рақамӣ қабул шудааст. Аз ҷумла, қонунҳо «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», «Дар бораи савдои электронӣ», Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монанди ин, ки фаъолияти ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамиро танзим мекунанд.
- Умуман, иқтисоди рақамӣ чӣ бартариҳо дорад? Аз нигоҳи шумо, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва суръат бахшидан ба ин раванд бо кадом роҳҳо мумкин аст?
- Иқтисоди рақамӣ як қатор афзалиятҳои хосро доро мебошад. Аз қабили сарфаи вақт, сарфаи маблағ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо, новобаста аз ҷойгиршавӣ пайдо намудани имконияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои гуногун, имкониятҳои нав барои тиҷорат, таъмини бехатарӣ, шаффофият. Ҳамзамон, ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ амалисозии як қатор чорабиниҳо дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, зиёд намудани суръати интернет, тайёр намудани кадрҳои касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани малакаи зеҳнии рақамии аҳолӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ, идоракунии мутамарказ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати рушди технологияҳои рақамӣ, васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ намудани модели «Шаҳри ҳушманд» дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ ва монанди ин.
- Таҷрибаи кадом кишвар дар самти ҳукумати электронӣ барои Тоҷикистон метавонад омӯзанда бошад?
- Дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва савдои электронӣ омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳои пешқадам ба мо имконият медиҳад, ки модели рушди худро ба роҳ монем. Агар мо оид ба савдои электронӣ гӯем, таҷрибаи Чин дар ин самт афзалият дорад. Дар масоили таҷрибаи давлатҳо оид ба ҳукумати электронӣ мо наметавонем таҷрибаи як давлатро ба худ ҳамчун асоси рушд қабул намоем. Зеро мо бояд таҷрибаеро ба худ гирем, ки дар шароити ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Малака, таҷриба ва дигар тафовутҳои байни ҷомеаи мо ва ҷомеи далтаҳои дигар мавҷуданд, ки мо бояд инро низ ба назар гирем.
Аз ин лиҳоз, мо бояд таҷрибаи беҳтари якчанд кишварҳо, аз қабили таҷрибаи Куриёи Ҷанубӣ, Эстония ва Озарбойҷонро гирифта ба шароити кунунии ҷомеаи мо мувофиқ сохта, модели рушди рақамии худро тартиб диҳем. Мисол, мо наметавонем танҳо таҷрибаи Эстонияро дар самти ҳукумати электронӣ қабул намоем, зеро дар он мутамарказии фазои рақамӣ дида намешавад, ки ин ба шароити ҷомеаи мо мусоид намебошад. Аммо агар мо ба таҷрибаи Куриёи Ҷанубӣ назар афканем, дар он принсипи мутамарказ ҳамчун яке аз принсипҳои асосӣ қабул карда шудааст, ки ба шароити ҷомеаи мо мусоид аст. Аз таҷрибаи Эстония мо метавонем омӯзиши малакаҳои рақамӣ тариқи онлайнӣ (мустақим), идентификатсияи электронӣ, истифодабарии имзои электрониро истифода намоем.
Истифодаи модели «Асан Хидмат»-и Озарбойҷон, яъне «Осон Хизмат», ки яке аз принсипҳои асосии он таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар тамоми минтақаҳои кишвар тариқи электронӣ ва ҳузурӣ мебошад, барои шаҳрвандони тамоми синну сол, ҳолати иҷтимоӣ ё иқтисодӣ мувофиқ аст. Зеро ин модел ба шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва қишри осебпазири ҷомеа истифодаи хизматрасониҳоро тариқи ройгон ба роҳ монда, новобаста аз маҳали ҷойгиршавиашон кормандони мақомоти «Асан Хидмат» хизматрасониҳои давлатиро ройгон пешниҳод менамоянд.
Дар натиҷаи ҳамгироии ин моделҳои рушди соҳаи рақамикунонӣ мо даст меёбем ба содда намудани равандҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ, бехатарии маълумотҳо, баланд бардоштани малакаи рақамии мардум ва ҳамкории давлат бо ҷомеа, ки ба Тоҷикистон модели мувофиқ буда, истифодабарӣ аз он барои шаҳрвандони тамоми қишрҳои ҷомеа имконпазир хоҳад буд.
- Аз нигоҳи шумо, то куҷо зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ таъсир гузорад?
- Зеҳни сунъӣ барои иқтисоди рақамӣ нақши бузург дорад. Таъсири он метавонад зиндагии моро куллан дигаргун намояд.
Якум, автоматикунонӣ. Равандҳое, ки дар аввал аз ҷониби одамон иҷро мешуданд, тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, ба беҳтар намудани сифати кор ва кам намудани хароҷот оварда мерасонанд. Мисол, автоматикунонии қабули мизоҷон тариқи чат-ботҳо 24/7, автоматикунонии коркарди маълумот - коркарди миллионҳо ҳисобот ва ҳуҷҷатҳо дар 1 сония, автоматикунонии истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тариқи автоматикунонии раванди фаъолияти роботҳо ба танзим дароварда мешаванд.
Дуюм, фардият - зеҳни сунъӣ метавонад ба ҳар як шахс тариқи коркарди маълумот оид ба амалҳои пешиҷрошуда молҳо, эълонҳо, дарсҳои омӯзишӣ, мусиқӣ ё филми дилхоҳ ба ҳар як шахсро пешниҳод намояд.
Сеюм, коркарди маълумот - метавон барои коркарди маълумоти иқтисодӣ истифода намуд, ки ин имкон медиҳад дар якчанд сония миллионҳо ҳисобот коркард шуда, дар натиҷа дурнамои рушди иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта омода карда шаванд.
Дар умум, зеҳни сунъӣ саҳми бениҳоят зиёдро дар рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ мерасонад, ки барои ҳалли бисёр мушкилиҳо метавонад кумак расонад.
- Пешниҳоди шумо ҳамчун мутахассиси соҳа ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон чӣ аст?
- Якум, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба рушди соҳа.
Дуюм, таъсиси портали омӯзишии онлайнӣ барои шаҳрвандон ва бозомӯзии кормандон.
Сеюм, ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаи «Пардохтҳои ғайринақдӣ».
Чорум, дастгирии ҷомеа тариқи истифодаи васеи технологияҳои муосир.