Дар шаҳри Танаи иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон садҳо нафар бо баромадан ба китфи якдигар баландтарин пирамидаи зиндаи ҷаҳонро ташкил дода, рекорди нав гузоштанд.
Баландии ин пирамида ба 14,73 метр расид. Рекорд дар ҷараёни ҷашни анъанавии ҳиндуҳо – «Даҳӣ Ҳандӣ», ки ба муносибати зодрӯзи Кришна баргузор мешавад, сабт гардид. Иштирокчиён зина ба зина бар китфи ҳамдигар баромада, дар қулла ҷавоне бо кулоҳи муҳофизатӣ ва таҷҳизоти бехатарӣ ҷой гирифт. Ӯ чанд лаҳза дар болои пирамида истод ва баъд бо ёрии борбардори махсус ба замин фароварда шуд.
Мутахассисони Китоби рекордҳои Гиннес мегӯянд, ин дастовард на танҳо аз қувваву устувории иштирокчиён дарак медиҳад, балки намунаи равшани ҳамдигарфаҳмӣ, интизом ва кори дастаҷамъона низ мебошад.