formula
Балохоҳар
04.02.2022
Mahina
4252

 Ман дар хонадони сарватманд ва овозадоре ба дунё омадаам, ҳамин кофист, ки ҳоло номи ноҳияамонро нависам ва ҳамагон мешиносанд, ки ман кистам!

Миёни панҷ бародар хоҳари ягона ва азизи дилу дидаи бародарон будам, модарам чун ҳама занҳои қишлоқ хонашин буданду падарам бошад, дар корҳои гуногуни соҳаи савдо фаъолият мекарданд. Бародаронам корчаллон, ки буданд, баъди хатми мактаби олӣ зуд соҳиби вазифаи равғание мешуданд, бародари калониям директори заводи пахтатозакунӣ, дуввумӣ сардори корхонаи хурди ширӣ, саввумӣ мудири базаи савдо буданд. Ду нафари дигар ба деҳқонӣ машғул бошанд ҳам, аз ҳисоби давлати бародарон зиндагии шоистае доштанд. Ман низ ба ҷавони дӯстдоштаам, ки ҷонишини раиси хоҷагӣ ва аз оилаи сарватманд буд, ба шавҳар баромада, хушбахт будам, вале….

                Фалокат аз таги по

Шояд ба зиндагии тинҷу осудаи мо чашми бад расид, ки бародари хурдиям, домоди ба чилла ҳангоми дар мусобиқаи бузкашӣ иштирок карданаш аз асп афтиду ба беморхона нарасида, ҳалок гашт. Ин ғам хонаи ободу тӯйхонаи моро ба мусибатхона табдил дод, аз ин ғам шаш моҳ гузашта, акаамро, ки директори заводи пахта буд, барои камомад ба додгоҳ кашиданд ва ба муҳлати тулонӣ равонаи зиндон карданд.

Модарам шабу рӯз гиря мекард, падарам рӯ ба дашту биёбон оварда, танҳо шабона ба хона меомад, ҳамаи ин бас набуд, ки зани бародари бар маҳбас будаам, ба марди дигар ба шавҳар баромаду духтарчаи дусолаашро оварда, ба мо дода рафт.

–Ман умри ҷавонамро сарфи писари “туремшики” шумо намекунам, мана ин ҳаромиятон низ ба худатон насиб кунад,- гуфт келин ҳангоми хайрухуш…

Азбаски келинамон пас аз зиндонӣ шудани акаам ба хонаи модараш рафта буду духтарчаашро ҳатто ба мо нишон намедод ва мо мубтало бо дарду ғами худ ӯро суроғ ҳам намерафтем, Гуландоми дусола мисли девонаҳо доду фарёд бардошта, касеро ба наздаш намегузошт. Мо намедонистем чӣ кор кунем…

              Арӯсаки кӯдакдор

Танҳо ман бо меҳрубонию тӯҳфаҳо тавонистам дили кӯдакро ба даст биёрам ва ӯ дасташро аз домани ман намеканд. Чун мо бо падару модарам дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардему то ҷое хешӣ низ доштем, кампири хушдоманам ба «кӯдакдор» шудани келини арӯсакаш бо меҳрубонӣ назар мекард, ҳатто аз ман зиёдтар ба Гуландомча меҳр баст. Шавҳарам як апа дошт ва фарзандони ӯ кайҳо қад кашида, калон шуда буданд, ҳамин ки ба хона биёянд, Гуландомро рӯ-рӯи даст мебардоштанд, гирифта ба хонаашон мебурданд. Рӯзи аввали ба хона овардан кӯдак думушта сарашро мехориду мехост мӯйҳояшро канда гирад, чун сарашро аз назар гузаронидам, ба даҳшат афтодам, миёни мӯйҳои ҷингилаи зебояш пур-пури шабушк буд. Зуд сарашро тарошидаму либосҳояшро ба оташ партофта, оббозияш дорондам. Бо гузашти ду-се моҳ Гуландом фарбеҳаку зебо ва ба дилу дидаи мо ҷо шуда буд. Падару модарам ҳам ба худ омада, бисёр вақтҳо набераашонро бо худ мебурданд. Духтари эрка дар ду хона фармонфармо буд…

                                     Балодухтар

Бо мурури солҳо Гуландом қад кашида, чунон зебо шуд, ки дидагӣ одам як бори дигар бинам мегуфт. Падараш аз зиндон раҳо шуда, зуд дар зиндагӣ мавқеашро ёфта оиладор шуд, аммо падару модарам Гуландомро ба ӯ надоданд. Ман ҳам соҳиби фарзандон шудам, ки Гуландомро бо меҳр холаҷон мегуфтанд. Гуландом сабукандеша буд, гоҳ бо ин ҷавон муносибатҳои ошиқона барқарор мекарду гоҳ бо ҷавони дигар. Бародари дуввумам Амир, ки мудири базаи савдо буд, барои беобурӯ нашудан пас аз хатми мактаб ӯро ба писари амаки занаш дод. Ризо, ҷавони қоматбаланди зебо, мудири мағозаи хӯрокворӣ ва соҳиби ҳавлии алоҳида буд. Гуландомро пас аз баромадани чиллаи арӯсияш ба хонаи худаш бурданд, хушдоману хоҳаршӯйҳо садқаю балогардони келини соҳибҷамолашон буданд. Гуландоми танпарвар рӯзи дароз ба дугонабозию мағозагардӣ овора буду хоҳаршӯи кенҷагияш, ки дар синфи ҳаштум мехонд, хизмати ӯро мекард. Ризо он қадар шефтаи ҳамсараш буд, ки ба гуфти рафиқонаш бо садои «каблук»-и Гуландомаш лаббай мегуфт. Ҳама медонистанд, ки ин балодухтар танҳо аз Амири амакаш метарсад, вагарна дар болои сари Ризои занкалон чормағз мешиканад. Амир сари чанд вақт хоҳарашро дар танҳоӣ насиҳат мекард, даркор шавад, дуғу пӯписаро низ раво медид.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД