sebiston july new
Бананчик бо фалла
521


                     Маҳсулоти лозима:

100 грам – маскаи мулоим
100 грам – сметана
5 грам – ванелин
10 грам – маводи ковоккунанда
180 грам – орд

                     Барои ороиш:
110 грам – фалла
4 қошуқ – шакар
1 дона – зардии тухм
Хокаи шакар

                       Тарзи таҳия:
Дар зарфе маскаи мулоимак, сметана, ним қошуқча ванелин, як қошуқча маводи ковоккунанда ва орд андохта, бо дастамон хуб омехта мекунем. Хамирро дар яхдон ба муддати 20 – 25 дақиқа мемонем то ки каме дам гирад.

Барои дарунаш фалла, 4 қошуқ шакар, 1 зардии тухм, 1 қошуқча ванелин, 1 қошуқ ордро омехта мекунем.
Хамирро ба 10 зувола тақсим карда, ҳар як зуволаро тунук мекунем ва маҳлулро дар дохилашон монда мепечонем.

Ба қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва кучақандҳоро дар он мечинем. Кулчақандҳоро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурх шудан пухта, баъди пухтанашон хунук мекунем, баъд аз болояшон хокаи шакар мепошем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД